Раванди татбиқи Харитаи роҳ оид ба рушди сайёҳӣ дар шаҳри Қазон баррасӣ гардид

Май 19, 2023 19:01

ДУШАНБЕ, 19.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҳошияи Форуми Қазон 2023 «Русия – ҷаҳони ислом», ки 18-19 май дар шаҳри Қазони Ҷумҳурии Тотористон гузаронида шуд, вохӯрии раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Камолиддин Муминзод бо вазири рушди иқтисоди Федератсияи Русия Максим Решетников доир гардид.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳад, ки дар вохӯрӣ раванди татбиқи Харитаи роҳ оид ба рушди сайёҳӣ байни Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати рушди иқтисоди Федерасияи Русия оид ба ҳамкорӣ дар самти сайёҳӣ, ки моҳи марти соли равон дар Душанбе ба имзо расида буд, баррасӣ шуд.

Таъкид шуд, ки санади мазкур ба тақвияти ҳамкорӣ байни мақомоти дахлдори соҳаи сайёҳӣ, ассотсиатсия ва ширкатҳои сайёҳии тарафҳо такони ҷиддӣ мебахшад. Ҷониби Русия таъкид намуд, ки иштироки намояндагони Тоҷикистон дар намоишгоҳҳо ва дигар чорабиниҳои байналмилалӣ дар самти сайёҳӣ, ки дар Русия баргузор мегарданд, барои ҷалби сайёҳон нақши муассир мегузорад.

Инчунин ҷонибҳо зимни мулоқот масъалаҳои саёҳати саломатиро баррасӣ намуданд. Гуфта шуд, ки Тоҷикистон дорои 200 чашмаи оби шифобахш ва термалӣ мебошад ва аз нуқтаи назари он ки дар ин осоишгоҳҳо бо нархҳои дастрас метавон муолиҷа гирифт, он барои ҷалби сайёҳони рус муҳим арзёбӣ мегардад. Дар ин росто, ба роҳ мондани ҳамкорӣ байни Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили тарафҳо, курорту осоишгоҳҳо ва дигар ҷонибҳои манфиатдор ба мақсад мувофиқ мебошад.

Ҳамзамон ҷониби Русия таъкид сохт, ки Тоҷикистон на танҳо аз нуқтаи назари обҳои шифобахш, балки бо сайёҳии агро-эко ва гастротуризм низ давлати ҷалбкунандаи сайёҳон маҳсуб мешавад. Табиати рангоранг, меваҳои аз нуқтаи назари экологӣ тару тоза, таомҳои миллӣ ва мавзеъҳои таърихию фарҳангии мамлакати мо барои сайёҳони рус диққатҷалбкунанда мебошанд.


Пешниҳод шуд, ки барои шиносоӣ бо ин мавзеъҳо ва дигар имконоти сайёҳии Тоҷикистон гурӯҳи намояндагони ширкатҳои сайёҳии Русия ба Тоҷикистон омада, бо шароит ва тарзи муолиҷа дар ин осоишгоҳҳо ва дигар имконоти сайёҳии Тоҷикистон аз наздик шинос шаванд.

Ҳамзамон гуфта шуд, ки дар асоси банди 4 Харитаи роҳ дар айни замон ҳайати Тоҷикистон ҷиҳати муаррифии имконоти сайёҳии Тоҷикистон ба шаҳрҳои Русия рафта, бо намояндагони васеи ширкатҳои сайёҳии Русия вохӯриҳо анҷом дода истодааст. Таъкид шуд, ки барои дар сатҳи муносиб баргузор намудани ин чорабиниҳо ҷониби Русия кумаки амалӣ расонида, омодагии худро барои ҷалби ҳарчи бештари ширкатҳои сайёҳӣ ва дигар ҷонибҳои манфиатдор баён менамояд.

Инчунин мусоҳибон масъалаи ҷалби сармоя барои рушди инфрасохтори сайёҳӣ ва рақамикунонии соҳаро баррасӣ намуданд. Иброз дошта шуд, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои сармоягузорон сабукиҳои молиявӣ, аз қабили озод гардидани ширкатҳо аз андоз аз фоида дар муддати 5 сол, озод гардидани воридоти масолеҳи сохтмонӣ аз пардохти гумрукӣ ва дигар сабукиҳо пешбинӣ гардидааст.

Инчунин аз ҷониби Русия даъват ба амал оварда шуд, ки дар Форум ва намоишгоҳи сайёҳии Тоҷикистон, ки моҳи сентябр дар Душанбе доир мешавад, фаъолона иштирок намоянд.

АКС: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 19, 2023 19:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба таъсиси Фонди минтақавии рушди фазои рақамии соҳибихтиёрӣ дар Тоҷикистон Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Марат Хуснулин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон меояд
Дар Душанбе маркаи почтавӣ бахшида ба 35-солагии Иттиҳоди минтақавӣ дар соҳаи алоқа ба муомилот бароварда шуд
Дар Хоруғ оид ба ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар соҳаи энергетика мулоқот доир шуд
Душанбе мизбони ҳамоишҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа ва рақамикунонӣ гардид
Намояндагони Бонки миллии Тоҷикистон дар конфронси байналмилалии Sibos 2026 иштирок доранд
Дар Душанбе ҳамоишҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа оғоз гардиданд
Дар Муғулистон доир ба рушди савдо ва сайёҳӣ ҳамоиш баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми минтақавии Иттиҳоди байналмилалии алоқа барои давлатҳои аъзои ИДМ оғоз гардид
Дар Душанбе оид ба нақши занони мақомоти гумрук дар таҳкими арзишҳои миллӣ ва хизмати давлатӣ ҳамоиш доир шуд
Дурнамои таҳкими ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар Душанбе баррасӣ гардид
Раванди татбиқи лоиҳаи муштараки «Диёри Душанбе» дар Қатар баррасӣ карда шуд