«РОҲ ВА УСУЛҲОИ РАСИДАН БА МУВАФФАҚИЯТИ КАСБӢ». Дар Душанбе Форуми байналмилалии ҷавонон ва Фестивали касбу кор доир шуд
ДУШАНБЕ, 16.05.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе дар доираи Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба Моҳвораи ҷавонон ва Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон (23 май) Форуми байналмилалии ҷавонон бо мақсади рушди сармояи инсонӣ дар мавзуи «Роҳ ва усулҳои расидан ба муваффақияти касбӣ» баргузор гардид, иттилоъ медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».
Дар он муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён, роҳбарони вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, намояндагони шарикони рушд иштирок намуданд.
Дар доираи форум Фестивали касбу кор баргузор гардид, ки дар он намояндагони ширкатҳои давлатӣ ва хусусиву тиҷоратӣ вобаста ба ҷойҳои корӣ, имтиёзу бастаҳои иҷтимоӣ ва шароити дигари фаъолият суҳбат намуданд.
Аз ҷумла, дар Фестивал 87 ташкилоту муассиса ва ширкатҳои калони ватанӣ, аз қабили “Авесто гурӯҳ”, “Сиёма”, ТГЭМ-ширкати пешсафи сохтмони иншооти гидроэнергетикӣ, зиёда аз 20 ташкилоти қарзию бонкӣ (аз қабили “Ориёнбонк”, “Спитаменбонк”, “Амонатбонк”, “Алифбонк”, “Арванд”, “Ҳумо”, “Имон-интернейшнл”) ва дигарон, ки корҳои худро тавассути платформаи рақамии www.joikor.tj ба корҷӯён пешниҳод намуда буданд, иштирок доштанд.
Дар ҳошияи форум суҳбати рӯ ба рӯ бо кордиҳанда ва корҷӯ дар ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ баргузор гашт, ки фурсати муносиб барои ҷавонони корҷӯй буд. Тавассути форум кордиҳандагон имкон пайдо намуданд, ки мутахассисони худро пайдо намоянд.
Дар он пешниҳод карда шуд, ки сомонаи мазкур ба платформаи воридшавии бехарҷи трафики интернет барои муштариён аз ҷониби ширкатҳои мобилӣ ройгон пайваст карда шавад. Ин имкон медиҳад, ки мушкилоти шуғлнокии ҷавонон тавассути технологияҳои рақамӣ осон ва мувофиқ гардонида шуда, механизми ҳисоби ҷойи кор ва таъмини ҷойи кор дар соҳаи ҷавонон амалӣ карда шавад.
Форум самтҳои зеринро дар гирифт:
⎯ Роҳнамои касб.
⎯ Малакаҳои молиявӣ ва рақамӣ (fintech).
⎯ IT ва стартапҳо.
⎯ Фестивали касбу кор (ярмаркаи ҷойҳои корӣ, аз ҷумла сайтҳои ҷустуҷӯи кор).
⎯ Сармоягузории венчурӣ.
Форум имкони хубе барои рушди касбият ва табодули донишу таҷриба аз ширкатҳои гуногунсоҳаи давлатӣ ва хусусӣ фароҳам овард.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон










Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад






