«САД РАНГИ ЧАКАН». Дар даври вилоятии фестивали мазкур 35 тарроҳу ҳунарманд ва 170 зани фаъоли Суғд иштирок намуд

Май 3, 2023 11:38

ДУШАНБЕ, 03.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. 2 май дар Маҷмааи таърихию фарҳангии «Қалъаи Хуҷанд» Фестивали вилоятии «Сад ранги чакан» баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд.

Фестивали вилоятии «Сад ранги чакан» бо мақсади муаррифии санъату ҳунари волои халқи тоҷик, либоси миллӣ, тарбияи зебоипарастӣ, суръату сифати тоза бахшидан ба истеҳсоли матоъҳои гуногуни миллӣ, аз қабили чакану чакандӯзӣ, сӯзанидӯзиву гулдӯзӣ, читгарӣ ва атласу адрасбофӣ гузаронида шуда, дар он 35 тарроҳу ҳунарманд ва 170 зану духтари фаъол иштирок намуд.

Фестивал дар ду давр баргузор гардида, даври аввал дар сатҳи шаҳру ноҳияҳо ва даври дуюм дар маркази вилоят-шаҳри Хуҷанд ба таври навори телевизионӣ гузаронида шуд. Фестивал аз рӯи шаш бахш, аз ҷумла, беҳтарин либоси қадимаи чакан;  беҳтарин либоси кӯдакона; беҳтарин либоси рӯзмарра; беҳтарин либоси маросимӣ ва идона;  беҳтарин либоси расмӣ ва беҳтарин навъҳои гуногуни сӯзанидӯзӣ доир карда шуд.

Ҳайати ҳакамон паҳлуҳои то ҳанӯз ба ҳамагон норавшани анъанаҳои миллӣ, ҳунари волои чакандӯзии ин ё он маҳал, санъати асили гулдӯзӣ, сӯзанидӯзӣ, тоқидӯзӣ ва навъҳои гуногуни нақшу нигори миллиро ба инобат гирифта, ғолибонро муайян карданд.

Ғолибони Фестивали вилоятии «Сад ранги чакан» бо дипломҳои дараҷавӣ ва туҳфаҳои хотиравии Раиси вилоят сарфароз гардонида шуданд.

Ҳамчунин барои иштироки фаъолона дар Фестивали вилоятии «Сад ранги чакан» тарроҳону ҳунармандон бо Сипоснома ва туҳфаи хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Май 3, 2023 11:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Маҷмуаи ашъори «Каманди зулф»-и Шоири халқии Тоҷикистон дар нашриёти «Орван»-и Теҳрон ба табъ расид
Бахшида ба 115-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор мегардад
Намоиши ҷашнии «Тасвири шуҷоат ва мардонагии фарзандони тоҷик дар нигораҳои Осорхонаи миллӣ» ифтитоҳ шуд
Озмоишгоҳи энергетикаи гидрогенӣ сохта мешавад
21 ФЕВРАЛ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАБОНИ МОДАРӢ. Тоҷикистон баробарҳуқуқии забонҳоро эътироф менамояд
Бахшида ба 115-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода конференсияи ҷумҳуриявӣ доир мегардад
ТАРАННУМИ ИШҚ ДАР АШЪОРИ РОБИАИ БАЛХӢ. Дар Донишкадаи байналмилалии Левакант ҳамоиш доир шуд
Оид ба Хутали қадим чун пойгоҳи зуҳури забони тоҷикӣ ва тамаддуни бостонии минтақаи Осиёи Марказӣ ҳамоиш доир шуд
Эҳдо ба Пешвои миллат
Дар ноҳияи Нуробод намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр доир гардид
Конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ ба мавзуи «Истиқлол, забонҳои модарӣ ва арҷгузорӣ ба онҳо» бахшида шуд
«ЯК МАТОВУ САД РАНГ». Фестивал-озмун имкон медиҳад, ки арзишҳои фарҳанги миллӣ ҳифз ва тарғиб карда шаванд