«Саноатсодиротбонк» ва «KazakhExport» дар оянда санади ҳамкорӣ ба имзо мерасонанд
ДУШАНБЕ, 03.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Таҳкими ҳамкории мутақобилан судманд байни Корхонаи воҳиди давлатии Бонки саноатию содиротии Тоҷикистон /КВД БССТ/ «Саноатсодиротбонк» бо ҶС ШСС «KazakhExport» зимни мулоқоти муовини раиси Раёсати КВД БССТ «Саноатсодиротбонк» Ш. Муҳиддинзода ва ҳайати ҶС «ШСС «KazakhExport» таҳти роҳбарии Директори иҷроия А.Абилкаиров дар Душанбе баррасӣ гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар КВД БССТ «Саноатсодиротбонк» иттилоъ доданд, дар мулоқот мусоҳибон масъалаи ба имзо расонидани Эътиборнома барои сабукии кор ҷиҳати воридот ва содироти молу маҳсулот аз ҷониби соҳибкорони ду давлатро баррасӣ намуданд, ки он бояд дар кӯтоҳтарин муддат ба имзо расонида шавад.
Ҳамзамон зимни мулоқот дурнамои ҳамкории дуҷониба баррасӣ гардид. Таъкид шуд, ки ҷонибҳо ба амалӣ намудани лоиҳаҳои муштарак дар самти маблағгузории савдо омода мебошанд.
Инчунин гуфта шуд, ки воситаҳои суғуртакунонии содирот, ки аз ҷониби ҶС «ШСС «KazakhExport» пешниҳод мешаванд, яке аз воситаҳои мувофиқ ва самаранок барои гузаронидани амалиёт байни субъектҳои дорои фаъолияти хориҷӣ мебошанд.
АКС: КВД БССТ «Саноатсодиротбонк»










«Стратегияи миллии гуногунии биологии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2030» баррасӣ гардид
«DIGITAL TAJIKISTAN 2026». Моҳи ноябр дар Душанбе форуми байналмилалӣ доир мешавад
Оид ба татбиқи Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид бар зидди коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ доир шуд
Дар Бохтар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест – 2026» баргузор мешавад
Ҷамшед Нурмаҳмадзода: «Омори боэътимод заминаи муҳими банақшагирӣ, пешрафт ва қабули қарорҳои дуруст ба манфиати ҷомеа аст»
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.2600 то 9.2700 сомонӣ муқаррар шудааст
Байни Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ дар соҳаи стандартизатсия ба имзо расид
Тоҷикистон ва Арманистон ҳамкориро дар самти ҳифз ва барқарорсозии экосистемаҳо ва мониторинги гуногунии биологӣ тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳум оид ба мусоидат ба ҳамкорӣ дар соҳаи инфрасохтор ва сохтмони муҳандисӣ ба имзо расид
Байни мақомоти зиддикоррупсионии Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳум оид ба пешгирӣ ва мубориза бо коррупсия ба имзо расид
Дар Агентии авиатсияи гражданӣ дар мавзуи «Амнияти иттилоотӣ дар шароити таҳдидҳои киберии муосир» ҳамоиш доир шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 4 ҳазор коргоҳу корхонаи истеҳсолӣ фаъолият менамояд






