Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳамедов мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 11.05.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар доираи сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳамедов бо Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода баргузор шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Ҷонибҳо аснои мулоқот масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаву бисёрҷонибаро мавриди баррасӣ қарор дода, баҳри тақвияти ин муносибатҳо дар соҳаҳои муҳим, аз ҷумла кишоварзӣ, саноат, сармоягузорӣ, сайёҳӣ, фарҳангӣ, роҳу нақлиёт ва хизматрасонӣ ҳавасмандӣ зоҳир намуданд.
Таъкид гардид, ки пас аз соҳибистиқлол гаштани Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи сиёсати дарҳои боз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкории некро бо давлатҳои ҷаҳон, аз ҷумла бо Туркманистон низ ба роҳ монда, бо мақсади тақвияти бештари робитаҳои байниҳукуматӣ аз имконот ва шароити мавҷуда самаранок истифода менамояд.
АКС: АМИТ «Ховар»










Сафири Тоҷикистон бо раиси шаҳри Брюссел мулоқот намуд
Ҳамкории гуногунҷанбаи мутақобили судманди Тоҷикистону Ҷумҳурии Корея баррасӣ гардид
Сироҷиддин Муҳриддин бо Таалатбек Масадиқов мулоқот намуд
Дар Сеул мулоқоти масъулони Саммити «Осиёи Марказӣ– Ҷумҳурии Корея» баргузор гардид
Намояндаи Тоҷикистон бо мудирони ҳамиҷроияи Комиссияи байналмилалии зидди ҳукми қатл мулоқот намуд
Тоҷикистон аъзои Комиссияи СММ оид ба вазъи занон барои солҳои 2027–2031 интихоб шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишкадаи энергетикии Москва бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж Наврӯзи байналмилалиро таҷлил карданд
Сафири Тоҷикистон бо Директори Академияи дипломатии Вена мулоқот намуд
Густариши робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Австрия баррасӣ гардид
Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати расидан ба оташбас дар Ховари Миёна






