Соли 2022 гардиши савдо байни Тоҷикистон ва Туркия 351,2 миллион долларро ташкил дод
ДУШАНБЕ, 04.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2022 гардиши савдо байни Тоҷикистон ва Туркия 351,2 миллион долларро ташкил дод. Инчунин дар моҳҳои январ-марти соли 2023 ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ бо Туркия 98,4 миллион долларро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 14,5 миллион доллар ё 17,3 фоиз афзоиш ёфтааст. Дар ин бора зимни мулоқоти Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода бо Сафири навтаъйини Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умут Аҷар иттилоъ дода шуд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ ҳамзамон тавсеа ва рушди минбаъдаи ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ байни ду давлат мавриди муҳокима қарор дода шуд.
Гуфта шуд, ки ба шарофати сиёсати оқилона ва дурандешонаи роҳбарони ду давлат- Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Туркия муҳтарам Реҷеп Тайип Эрдоган муносибатҳои ду ҷумҳурӣ ба сатҳи баланд баромадаанд.
Бо мақсади рушди ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузории дутарафа таклиф карда шуд, ки бо истифода аз иқтидори зиёди мавҷудаи дуҷониба дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби сармоягузории Туркия корхонаҳои саноатии муштарак оид ба истеҳсоли маҳсулоти нассоҷӣ, коркарди алюминий, пашму пӯст, меваю сабзавот, хӯрокворӣ, шустушӯӣ ва масолеҳи сохтмон таъсис дода шавад, ки аз ҷониби Туркия хуш пазируфта шуд.
Ҷонибҳо дар доираи лоиҳаи «Харитаи роҳ оид ба афзоиши гардиши савдо байни Тоҷикистон ва Туркия барои солҳои 2022-2025» ва Агентии Туркия оид ба ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ (TIKA) густариши ҳамкориро муҳокима намуданд.
АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд






