Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ нақшаи дусолаи ба қатъи давраи фавқулодаи ковид нигаронидаро интишор намуд

Май 4, 2023 18:18

ДУШАНБЕ, 04.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) рӯзи чоршанбе барномаи дусоларо интишор намуд, ки ба қатъи давраи фавқулодаи пандемияи COVID-19 дар ҳамаи кишварҳо ва расонидани кумак ба онҳо дар ҳамгироии чораҳои зидди ковид ва чораҳои нисбатан васеъ оид ба пешгирии бемориҳои сироятӣ нигаронида шудааст. Таваҷҷуҳи асосӣ ба омӯзиши синдроми баъдиковидӣ ё ковиди дарозмуддат, ки аз он тибқи маълумоти мутахассисон қариб 6 фоизи сироятшудагон азият мекашанд, равона карда мешавад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС иттилоъ медиҳад.

Чун пешина ҳар ду «вазифаи стратегӣ», ки дар нақшаи аввал оид ба COVID-19 инъикос ёфтаанд ва онро созмон соли 2022 қабул намуда буд, муҳим боқӣ мемонад. Мақсад аз ин коҳиши паҳншавии SARS-CoV-2 ва васеъ намудани ташхис ва табобат барои кам кардани шумораи ҳалокшавӣ, гирифторӣ ба беморӣ ва оқибатҳои дуру дарози он мебошад.

Барномаи нави СУТ «ин ду мақсадро ҳифз ва ҳадафи сеюмро илова мекунад: дастгирӣ намудани кишварҳо ҳангоми гузариши онҳо аз эътинои таъҷилӣ ба табобати дарозмуддати пешгирикунанда».

Тибқи маълумоти СУТ, ба ҳолати 5 апрел бо ваксинатсия аз ковид фаро гирифтан дар ҷаҳон дар маҷмуъ 66%-ро ташкил медиҳад. Зимнан 80% кормандони тиб ва 82% одамони калонсол эм карда шуданд.

Тибқи маълумот, аз оғози пандемия дар ҷаҳон 765 222 932 ҳолат ба қайд гирифта шуда, 6 921 614 нафар ба ҳалокат расидааст.

Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Май 4, 2023 18:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи маъюбон ҳамоиш доир шуд
«САМУРАЕ, КИ ШАМШЕР НАДОРАД». Асари нависандаи ҷопонӣ тарҷума ва нашр гардид
Имсол дар Тоҷикистон дар беш аз 186 ҳазор гектар кишти такрории зироати кишоварзӣ гузаронида мешавад
Кишоварзони ноҳияи Зафаробод дар беш аз 10 ҳазор гектар пунбадона кишт намуданд
Дар Тоҷикистон беш аз 11 ҳазор гектар шолӣ кишт шудааст
Дар «Ҳамсафар» 300 нафар хонандагон ба истироҳат ҷалб гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 43 дараҷа гарм мешавад
Дар назди 4 муассисаи таълимӣ ноҳияи Рӯдакӣ хонаи хизматии омӯзгорон бунёд карда мешавад
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ барои баргузории Фестивали бозиҳои варзиши миллӣ оғоз гардиданд
Ҷаласаи 6-уми роҳбарони вазорату идораҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай оид ба ҳифзи муҳити зист доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Бо мақсади тақвияти устувории шаҳрҳо ба хавфи офатҳо ва тағйирёбии иқлим дар Осиёи Марказӣ машварат доир гардид