«ТИЛЛО 1000» ВА «ТИЛЛО 3000». МегаФон Тоҷикистон дар доираи иқдом рақамҳои ин категорияҳоро чун туҳфа пешниҳод менамояд

Май 1, 2023 13:33

 ДУШАНБЕ, 01.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Рақамҳои телефонии дорои панҷ сифр пайи ҳам ё комбинатсияҳои зуд дар хотир ҳифзшавандаро акнун шумо метавонед туҳфа гиред. МегаФон Тоҷикистон дар доираи иқдом рақамҳои категорияҳои «Тилло 1000» ва «Тилло 3000»-ро пешниҳод менамояд. Ҳангоми пайвасткунии тарофаҳои «#НигаронНабош» ё «#АзҲамаЗиёд+» онҳо ройгон дастраси иштирокчии иқдом карда мешаванд. 

Рақамҳои зебои «тиллоӣ»-и категорияҳои номбурда аз 1 000 то 3 000 сомонӣ арзиш доранд. Лекин на ҳамеша хоҳишмандони дастраскунии чунин рақамҳо имкон доранд, ки маблағи онро пардохт намоянд. Барои овардани сабукӣ ба буҷаи шахсӣ ё оилавӣ МегаФон Тоҷикистон иқдоми махсус роҳандозӣ намуд ва он имкон медиҳад, ки «тилло» бо шартҳои махсус ба даст оварда шавад. Барои ин зарур аст, ки яке аз ду тарофа пайваст ва давоми муддати мутобиқи шартнома пешбинишуда нигоҳ дошта шавад.

«#НигаронНабош» имкон медиҳад, ки рақами категорияи «Тилло 3000» ба даст оварда шавад. Тарофаро давоми 8 моҳ истифода бояд кард. Ҳангоми супоридани пардохти абонентӣ ба андозаи 300 сомонӣ давоми ин муддат иштирокчии иқдом барои алоқаи 2 400 сомонӣ маблағ сарф мекунад.

Арзиши тарофаи «#АзҲамаЗиёд+» 240 сомониро дар як моҳ ташкил дода, он бояд давоми 4 моҳ нигоҳ дошта шавад, ҳаҷми хароҷоти алоқа 960 сомониро ташкил медиҳад.

Баъди анҷоми муҳлати дар шартнома дарҷшуда ивази тарофа бо нигоҳдории рақами гирифта дастрас мешавад.

«Мо ба муштариён имкони нодир медиҳем, ки орзуи худро оид ба рақами зебо бе пардохти маблағ барои он амалӣ намоянд. Аллакай аз лаҳзаи пайвастшавӣ шумо «тилло» ва ҳамаи хизматрасонии ба тарофа дохилшавандаро ба даст меоред. Танҳо маблағи алоқаро пардохт намуда, рақамҳои фаромӯшкуниашон душворро соҳибӣ кунед!» – мегӯяд роҳбари хадамоти фурӯш ва хизматрасонии ширкати «МегаФон Тоҷикистон» Сунатулло Бобоев.

Рақами «тиллоӣ»-ро метавон дар мағозаи интернетии оператор интихоб намуд.

АКС:МегаФон Тоҷикистон

Май 1, 2023 13:33

Хабарҳои дигари ин бахш

«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак баргузор мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
ФАРДОИ ТОҶИКИСТОН ИМРӮЗ ДАР МАКТАБ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дониш
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
DEEPFAKE ҲАМЧУН ТАҲДИДИ НАВИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ. Назари мутахассис дар ин мавзуъ
«МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН»: Ду роҳи ҳал барои истифодабарандагони интернет
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
АМНИЯТИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН. Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад