Тоҷикистон пешрафтро дар масъалаи таъсиси Маркази зиддимухаддиротии Созмони ҳамкории Шанхай дар Душанбе таъкид намуд

Май 5, 2023 14:16

ДУШАНБЕ, 05.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. 4-5 май дар шаҳри Панаҷии Ҳиндустон ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай иштирок намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Тибқи рӯзномаи ҷаласа, роҳбарони ниҳодҳои корҳои хориҷӣ роҷеъ ба масоили мубрами минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули афкори амиқ анҷом доданд. Таваҷҷуҳи махсус ба омодагӣ ба нишасти Шӯрои сарони давлатҳои аъзои СҲШ, ки баргузории он 4-5 июли соли 2023 дар Деҳлии Нав дар назар аст, зоҳир гардид.

«Созмони ҳамкории Шанхай бояд минбаъд низ рисолати асосии худ – рушди ҳамкорӣ дар асоси баробарҳуқуқии ҳамаи давлатҳои аъзо, эҳтироми мутақобила, нафъи мутақобила ва риояи қатъии иттифоқи ороро самаранок иҷро намояд», — гуфт зимни суханронӣ Сироҷиддин Муҳриддин.

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ҷиҳати густариши ҳамкории амалӣ дар соҳаи иқтисодӣ дар доираи СҲШ даъват ба амал овард. Дар робита ба ин зарурати анҷоми ҳарчи зудтари раванди гуфтушунид оид ба татбиқи ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҳияи Стратегияи рушди иқтисодии СҲШ то соли 2030 таъкид гардид.

Дар заминаи баррасии мушкилоти амнияти минтақавӣ ва таҳдиди маводи мухаддир Сироҷиддин Муҳриддин пешрафтро дар ҳамоҳангсозии пешниҳоди ҷониби Тоҷикистон дар бораи таъсиси як ниҳоди алоҳидаи доимамалкунандаи СҲШ – Маркази зиддимухаддиротӣ дар Душанбе таъкид намуда, ҳамчунин аҳаммияти ривоҷ додани ташаббуси барпо намудани «камари бехатарӣ» атрофи Афғонистонро таъкид намуд.

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон изҳори умедворӣ кард, ки узвияти комилҳуқуқи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар СҲШ имконоти навро барои афзоиши зарфияти ин Созмон боз мекунад.

Зимни ҷаласа бо қарори Шӯрои вазирони корҳои хориҷии СҲШ шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, чемпиони олимпии Бозиҳои олимпии соли 2016 ва муовини президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Назаров Дилшод бо унвони фахрии «Сафири иродаи нек»-и СҲШ сарфароз гардонида шуд.

Аз натиҷаи ҷаласа 14 қарор қабул шуда, тафоҳумномаҳо дар бораи додани мақоми шарики муколамаи СҲШ ба Ҷумҳурии Малдив, Ҷумҳурии Иттиҳоди Мянма, Амороти Муттаҳидаи Араб ва Давлати Кувайт ба имзо расид.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 5, 2023 14:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Эрон барои ҳамкории мутақобили судманд бо Тоҷикистон ва вилоятҳои он ибрози омодагӣ намуд
Дар шаҳри Вена ҳамкории Тоҷикистон ва Бунёди ОПЕК баррасӣ гардид
Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғоли мансабҳои холӣ озмун эълон менамояд
Намояндаи Тоҷикистон бо котиби иҷроияи Созмони паймони манъи ҳамагонии озмоиши силоҳи ҳаставӣ мулоқот намуд
Дар Ҳамбург дурнамои густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии музофот бо Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Токио мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҷопон баргузор гардид
Баёнияи муштараки вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Баҳрайн ба муносибати 30-солагии барқароршавии муносибатҳои дипломатӣ
Дар Сеул либосҳои тоҷикӣ муаррифӣ карда шуданд
Намояндаи Тоҷикистон бо мудири кулли Агентии байналмилалии нерӯи атомӣ мулоқот намуд
Дар Давлати Кувайт таҳти сарпарастии Тоҷикистон вохӯрии сафирони кишварҳои муқим баргузор гардид
Дар шаҳри Минск деворнигора бахшида ба Домулло Азизов кушода шуд
Дар Олмон ҳамкории Тоҷикистон бо Институти тадқиқоти автомобилӣ ва раиси кластери «HZwo» баррасӣ гардид