Ҳайати Дафтари ҳамкории иқтисодии Швейтсария бо вазъи макроиқтисодии Тоҷикистон шинос шуд

Июнь 9, 2023 14:19

ДУШАНБЕ, 09.06.2023 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои муҳими ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон ва Дафтари ҳамкории  иқтисодии Швейтсария (SECO) дар  мулоқоти роҳбарияти Бонки  миллии  Тоҷикистон ва намояндагони масъули созмони мазкур дар Душанбе баррасӣ гардид.

Тавре ба  АМИТ «Ховар» дар  Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ доданд,  таҷрибаи ҳамкории бисёрсола ва дастгирии кумаки техникии Дафтари ҳамкории иқтисодии Швейтсария ба Бонки миллии Тоҷикистон имкон дод, ки дар бахши молиявии мамлакат як қатор ислоҳоти муҳим ҷорӣ гардад.

Ҳамзамон, дар доираи лоиҳаҳои Дафтари ҳамкории  иқтисодии Швейтсария дар баробари дастгирии лоиҳаҳои зиддибуҳронӣ, Бонки миллии Тоҷикистон якчанд санадҳои меъёрии ҳуқуқии бонкӣ дар самти сиёсати макропруденсиалӣ, танзим ва назорати бонкӣ, идоракунии корпоративӣ ва идоракунии хавфи қарзиро таҳия ва татбиқ намуд, ки ба пешравиҳои назаррас ноил гардид. «Стратегияи миллии фарогирии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026» ва қабули он аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон намунаи барҷастаи ин ҳамкорӣ  маҳсуб меёбад.

Роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон намояндагони Дафтари ҳамкории иқтисодии Швейтсарияро бо вазъи макроиқтисодӣ ва низоми бонкии мамлакат шинос намуд.

Таъкид шуд, ки новобаста аз вазъи мураккаби геосиёсӣ ва иқтисодии ҷаҳон дар моҳҳои январ-апрели соли равон тамоюли пастшавии сатҳи таваррум идома дошта, 2,3 фоиз ва таварруми солона (дар 12 моҳи охир) дар моҳи апрели соли равон 3,4 фоизро ташкил дод, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 3,9 банди фоизӣ камтар аст.

Афзоиши воқеии Маҷмӯи маҳсулоти  дохилӣ дар ин давра ба 8,0 фоиз баробар гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 0,5 банди фоизӣ зиёд аст.

Намояндаи Дафтари ҳамкории иқтисодии Швейтсария аз сатҳу сифати ҳамкории тарафайн изҳори қаноатмандӣ намуда, пешравиҳои назарраси Бонки миллии Тоҷикистонро дар самти таҳкими устувори бахши молиявӣ ва барқарор кардани эътимоди аҳолӣ ба низоми бонкӣ хуш истиқбол намуд.

Мавсуф қабули «Стратегияи миллии фарогирии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026»-ро қадами устувор дар рушди бахши молиявии мамлакат арзёбӣ намуда, иброз дошт, ки барои дар амал татбиқ намудани чаҳор самти асосӣ, аз ҷумла шабакаҳои таҳвил ва хизматрасонии молиявии рақамӣ, гуногуншаклии маҳсулоти молиявӣ, ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ ва саводнокии молиявӣ ҳамкорӣ  вусъат дода хоҳад шуд.

АКС: Бонки миллии Тоҷикистон

Июнь 9, 2023 14:19

Хабарҳои дигари ин бахш

«Shohin Airlines» ҳавопаймои нави L410 NG харидорӣ менамояд
Вазири энергетикаи Тоҷикистон бо истеҳсоли таҷҳизоти турбинаҳои газии гурӯҳи ширкатҳои «АМКОР»-и Тотористон шинос шуд
Доир ба мушкилоти тағйирёбии иқлим, сабабҳо, пайомад ва усулҳои мутобиқшавӣ ба он китоб ба нашр расид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1160 то 0.1189 сомонӣ муқаррар шудааст
Дурнамои рушди ҳамкории гумрукӣ байни Тоҷикистон ва Корея баррасӣ гардид
Хуршед Каримзода дар ҳамоиши байналмилалии «Такмили экосистемаи ҷаҳонии савдо» дар Корея иштирок намуд
Соли равон соҳибкорони Тоҷикистон ба маблағи 71,3 миллион сомонӣ андоз супориданд
Байни Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ва Бюрои савдои Вэнтсзяни Чин Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 11.0086 то 11.0600 сомонӣ муқаррар шудааст
Вазъи кунунии ҳамкории мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Узбекистон баррасӣ гардид
Дар шаҳри Кӯлоб кишти пунбадона оғоз гардид
Густариши ҳамкорӣ дар самти энергетикаи Тоҷикистон бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд баррасӣ гардид