Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 50-уми Машварати вазирони Созмони ҳамкории роҳи оҳан иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 16.06.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии сардори Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Комил Мирзоалӣ дар ҷаласаи 50-уми Машварати вазирони Созмони ҳамкории роҳи оҳан (OSJD), ки аз 13 то 16 июни соли 2023 дар шаҳри Пусани Ҷумҳурии Корея баргузор гардид, иштирок намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» хабар доданд.
Дар ҷаласа, аз ҷумла масъалаҳои вобаста ба рафти Созишнома дар бораи ҳамлу нақли байналмилалии мусофирони роҳи оҳан ва фаъолияти созмон дар давраи солҳои 2021-2022 мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Созмони ҳамкории роҳи оҳан ташкилоти байналмилалӣ буда, наздик ба 30 давлат, ки аз хизматрасониҳои роҳи оҳан истифода менамоянд, аъзои он мебошад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2002 аъзои ин созмон буда, дар татбиқи нақша ва барномаҳои он фаъолона иштирок менамояд.
АКС: Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон»









Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид
ТУХМИПАРВАРӢ. Барои рушди ин соҳа чӣ бояд кард?
Дар шаҳри Ҳисор кишти пунбадона оғоз ёфт
Дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои энергетикиро баррасӣ намуданд
Намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандии занони Хатлон дар Душанбе то 15 апрел идома меёбад
Беҳтарнамоии сифат ва бехатарии ғизо бо коршиносони Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ баррасӣ гардид
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини нoҳияи Вахш дар замини наздиҳавлигияш гармхона ташкил намуд






