Ҳайати Тоҷикистон дар ҳамоиш оид ба рафъи бешаҳрвандӣ дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон иштирок намуд

Июнь 5, 2023 13:55

ДУШАНБЕ, 05.06.2023. /АМИТ «Ховар»/.  Дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон  бо ташаббуси Раёсати минтақавии давлатҳои Осиё ва Уқёнуси Ороми Комиссари Олии Созмони Миллали Муттаҳид ҳамоиш дар мавзӯи рафъи бешаҳрвандӣ баргузор гардид. Дар  ин хусус котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон ба АМИТ «Ховар» хабар дод.

Дар ин чорабини муҳим аз ҷониби Тоҷикистон вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Парвиз Шодизода, директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода,  сардори Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ Ҳусейн Халилзода ва намояндагони дигар вазорату идораҳо иштирок намуданд.

Намояндагони Тоҷикистон доир ба иҷрои уҳдадориҳо вобаста ба решакан намудани бешаҳрвандӣ, қабули санадҳои вобаста ба ин самт қабулгардида  ибрози андеша намуданд.

Таъкид гардид, ки баргузории чунин чорабиниҳо барои бартараф намудани бешаҳрвандӣ саҳми худро хоҳанд гузошт.

АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 5, 2023 13:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Вакили Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои ИДМ иштирок намуданд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Дар доираи Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ ташаббуси Парлумони Тоҷикистон оид ба таҳияи ду қонуни намунавӣ тасдиқ шуд
Оид ба эълон намудани «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» ҳамоиш доир гардид
Дар иҷлосияи навбатӣ ба якчанд қонун тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҳайати парлумони Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ иштирок намуд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Давлатҳои ИДМ низоми назорати сифати хизматрасониҳои тиббӣ ва хайрияи хунро такмил медиҳанд
Пагоҳ иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Дар Душанбе стратегияи муосири пешгирии бемориҳои ғайрисироятиро баррасӣ намуданд