Ҳайати Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии дастгоҳу таҷҳизоти нассоҷӣ дар Италия иштирок дорад
ДУШАНБЕ,12.06.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир дар намоишгоҳи байналмилалии дастгоҳу таҷҳизоти нассоҷии ITMA 2023 (International Textile and Garment Technology Exhibition), ки аз 8 то 14 июни соли равон дар шаҳри Милани Италия доир мегардад, иштирок дорад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ иттилоъ доданд.
Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи баргузории ин намоишгоҳ бо намояндагони ташкилоти байналмилалии ин соҳа ва зиёда аз 10 корхонаҳое, ки дастгоҳу таҷҳизоти истеҳсолии ресандагӣ, бофандагӣ, рангубор ва дӯзандагӣ истеҳсол мекунанд, мулоқот анҷом дод.
Дар мулоқот барномаҳои қабулгардида, Стратегияи миллии рушди коркарди пахта ва маҳсулоти тайёр, имтиёзҳои андозӣ, имкониятҳои сармоягузорӣ ва дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт муаррифӣ гашта, ба намояндаҳои корхонаҳои байналмилалӣ пешниҳод гардид, ки дар ташкили корхонаҳои муштарак дар заминаи корхонаҳои саноатии дар қаламрави Тоҷикистон дар соҳаи саноати сабук фаъолиятдошта ва ҳамчунин дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ иштирок намоянд.
АКС: Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон








Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Маросими маҷозии ифтитоҳи як қатор иншоот ва оғози татбиқи лоиҳаҳо дар ҳудуди Тоҷикистон ва Узбекистон
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд






