АЗ МУШКИЛОТ ТО НАҚШАҲОИ ОЯНДА. БАРОИ ТАЪМИНИ КИШОВАРЗОН БО ОБИ ПОЛЕЗӢ ЧИ ТАДБИРҲО БОЯД АНДЕШИДА ШАВАД? Муовини директори Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ посух мегӯяд

Июнь 14, 2023 10:07

ДУШАНБЕ, 14.06.2023 /АМИТ «Ховар»/. Рушди соҳаи кишоварзӣ бидуни пешрафти корҳо дар самти беҳдошти замин ва обёрӣ ғайриимкон аст. Тавре ба мушоҳида мерасад имрўзҳо дар баъзе шаҳру ноҳияҳои мамлакат кишоварзон ва сокинони деҳот сабаби камҳосилиро аксаран аз саривақт обёрӣ нагардидани заминҳои киштшуда вобаста медонанд. Хабарнигори АМИТ «Ховар» бо мақсади шарҳи бештари ин мавзўъ бо муовини директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳрулло Зуҳурзода мусоҳиба намуд.

АМИТ «Ховар»: Бояд гуфт, ки чанд сол пеш ҳолати ҷоришавии оби наҳри калони Ҳисор ғайриқаноатбахш буд. Ҳоло аз дур ба чашм намоён аст, ки ин наҳр тоза ва сероб гардида, соҳилҳои он низ ба тартиб дароварда шудааст. Чӣ қадар вақт ва захираҳо барои тоза кардани он сарф гардид?

Баҳрулло Зуҳурзода: Бояд гуфт, ки як қисмати шаҳри Душанбе, ҳамчунин кишоварзони ноҳияҳои Рӯдакӣ, Шаҳринав, шаҳри Ҳисор ва Турсунзода аз маҷрои наҳри калони Ҳисор, ки аз шаҳри Душанбе мегузарад, бо оби полезӣ таъмин карда мешаванд.

Бо дастгирии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ду сол пеш дар ҳамкорӣ бо мутахассисони соҳаи мелеоратсияи Ҷумҳурии Узбекистон ба мо муяассар гардид, ки 50 километр наҳри калони Ҳисорро аз лойу гили солҳо таҳшиншуда ба пуррагӣ тоза кунем.

Дар давраи тоза кардани ин наҳр аз тарафи Узбекистон 10 адад техникаи махсуси соҳавӣ ба таври ройгон пешниҳод карда шуд, ки бо истифода аз он мошинҳои заминканӣ мо ба пуррагӣ наҳрро аз лойқаҳои солҳои сол ҷамъшуда тоза кардем.

То тоза кардани наҳри калони Ҳисор ғунҷоиши он ҳамагӣ 20-25 ҳазор куб об дар як сония буд, баъд аз тоза кардан, яъне ҳамин ҳоло ғунҷоиши наҳр то ба 38-40 ҳазор куб об афзоиш ёфт.

Ҳоло ҳам ҳамкории мо бо ҳамкасбонамон аз Ҷумҳурии Узбекистон идома дорад. Соли гузашта аз тарафи онҳо ба мо ду адад техникаи азими заминкан — эксковатор ҳамчун кумак пешниҳод карда шуд. Имсол низ боз ду адад техникаи соҳавӣ аз ҷониби ҳамтоёни узбекистонии мо дастрас карда мешавад. Ҳамчунин мо иқдом гирифтем, ки имсол бо ҳамкоронамон аз Ҷумҳурии Узбекистон дарғоти об — сарбанди наҳри калони Ҳисорро таъмир намуда, он ҷойҳоеро ки аз лойю гил — лойқа пур шудааст, дубора тоза намоем.

Ҳамчунин дар ҳудуди шаҳри Ҳисор як барраж (иншооти техникӣ) мавҷуд аст, ки аз болои он роҳи оҳан мегузарад. Соли гузашта мутахассисони Агентӣ дар ин иншооти техникӣ 50 фоиз корҳои таъмирӣ ва тозакуниро анҷом дода, имсол дар назар дошта шудааст, ки баъд аз паст шудани сатҳи оби наҳр, бо ҳамкории мутахассисони ӯзбекистонӣ корҳои таъмирӣ дар ин иншооти техникии наҳри Ҳисор пурра ба итмом расонида шавад.

Ҳоло, дар маҷрои наҳри калони Ҳисор (канали калони Ҳисор) зиёда аз 36 ҳазор метри кубӣ об дар як сония ҷорӣ аст, ки аз ин ҳисоб 31 ҳазор куб, яъне 31 ҳазор литр об ба шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ва боқимонда 5 ҳазор метри кубӣ, яъне 5 ҳазор литр об ба Ҷумҳурии Узбекистон интиқол меёбад.

АМИТ «Ховар»: Дар мавриди таъмин кардани кишоварзони як қисмати ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва гирду атрофи он бо оби полезӣ чӣ гуфта метавонед?

Баҳрулло Зуҳурзода: Дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қарори Раиси шаҳри Душанбе зиёда аз 2006 гектар замин аз тавозуни ноҳияи Рӯдакӣ ба ҳудуди шаҳри Душанбе гузаронида шуд. Бо назардошти ин қарори Ҳукумати мамлакат соли гузашта дар асоси фармоиши Директори Агентӣ як қитъаи алоҳида дар назди Раёсати беҳдошти замин ва обёрии шаҳри Душанбе таъсис дода шуд. Зеро идораҳои зерсохтори Раёсати беҳдошти замин ва обёрии минтақаи Душанбе ба сокинону хоҷагиҳои як қисмати шаҳри Душанбе, шаҳри Ваҳдат, ноҳияҳои Рӯдакӣ, Файзобод ва минтақаи Рашт хизматрасонӣ мекунад. Бо гузаронида шудани 2006 гектар замин ба тавозуни шаҳри Душанбе зарур дониста шуд, ки ҷиҳати хизматрасонии босифат ва саривақтӣ воҳиди иловагии корӣ — қитъаи алоҳида дар назди Раёсати беҳдошти замин ва обёрӣ таъсис дода шавад ва 30 нафар мутахассиси таҷрибадор ба ин қитъаи алоҳида гузаронида шуданд.

Дар шаҳри Душанбе зиёда аз 46 километр ҷуйҳо ва наҳрҳо (каналҳо) мавҷуд ҳастанд, ки барои обёрӣ намудани заминҳои кишоварзии шаҳри Душанбе, ноҳияи Рудакӣ, инчунин гулгаштҳо, хиёбонҳо ва боғҳои фароғатии пойтахт истифода мешаванд.

Масъалаи бо оби полезӣ таъмин кардани 2006 гектар заминҳои аз ҳисоби ҷамоатҳои Сарикиштӣ, Чортеппа, Чимтеппа, колхози «Россия» ва дигар ҷамоатҳои ноҳияи Рӯдакӣ ба ҳудуди шаҳри Душанбе гузаронидашуда ба зиммаи қитъаи алоҳидаи Раёсати Агентӣ вогузор карда шудааст.

Дар асоси нақшаи тасдиқшуда аз аввали сол то ба имрӯз аз ҷониби Раёсати беҳдошти замин ва обёрӣ дар минтақаи Душанбе 10,5 ҳазор метри кубӣ шабакаҳои обёрӣ ва обтақсимкунӣ тоза карда шудаанд. Тоза кардани шабакаҳои обёрӣ ва обтақсимкунӣ аз ҳисоби пардохти маблағҳо барои истифодаи об гузаронида мешавад. Ҳоло дар шабакахои обёрии Янгӣ-Чоряккорон, Оққурғон, Чортути 1, Чортути 2, Шайнак об ҷорӣ буда, ҳама кишоварзон бо оби полезӣ таъмин мебошанд.

Мутаассифона, баъзе аз истифодабарандагони об ва хоҷагиҳои деҳқонӣ аз пардохти ҳаққи хизматрасонии об ва пардохти аъзоҳақии Ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об саркашӣ мекунанд.

Бояд гуфт, ки пас аз таҷдид шудани хоҷагиҳои даврони шӯравӣ — колхоз ва совхозҳо, дар ҳамон ҳудуд 1,5 — 2 ҳазор истифодабаранагони об пайдо шуданд. Яъне агар қаблан бо як ё ду масъули хоҷагиҳои колхозӣ ва ё совхозӣ масъалаҳои корӣ баррасӣ ва ҳал мешуданд, акнун бояд бо 1,5 — 2 ҳазор субъект муносибати корӣ ҷорӣ карда шавад. Баъзе аз истифодабарандагон тарзи истифодаи об ва дуруст мондани обро намедонанд. Бо вуҷуди ҳамин мушкилиҳо кормандони қитъаи алоҳида дар назди Раёсати беҳдошти замин ва обёрии минтақаи Душанбе тамоми корҳои заруриро иҷро додаанд, то ин ки кишоварзони водӣ саривақт бо оби полезӣ таъмин бошанд.

Такроран таъкид кардан зарур меояд, ки тоза намудани шабакаҳои обёрӣ, заҳбурҳо ва заҳкашҳо ва дигар иншооти гидротехникӣ аз ҳисоби маблағҳои ҷамъоваришуда барои истифодаи об ва хизматрасонии он гузаронида мешаванд. Дар ҳолати напардохтани маблағи ҳаққи хизматрасонӣ тоза намудани шабакаҳои обёрӣ ва таъмин намудани кишоварзон бо оби полезӣ мушкил мегардад.

АМИТ «Ховар»: Сабаби асосии нарасидани оби полезӣ дар дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ дар чист ва Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ барои бартараф кардани ин камбудиҳо кадом тадбирҳоро меандешад?

Баҳрулло Зуҳурзода: Мусаллам аст, ки беҳтар кардани ҳолати мелиоративии замин, пешгирӣ кардани шӯршавӣ, ботлоқзоршавӣ ва дигар омилҳои таъсиррасон боиси ба даст овардани ҳосилнокии баланди маҳсулоти кишоварзӣ гардида, дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат нақши муҳим мебозад.

Дар давоми панҷ моҳи соли равон аз ҷониби кормандони Агентӣ барои обёрӣ намудани майдони 585 ҳазор гектар замини киштукори кишоварзон шартномаҳо баста шуданд. Ҳоло дар ҳудуди мамлакат зиёда аз 393 адад пойгоҳи обкашӣ мавҷуд ҳаст. Ин пойгоҳҳо аз замони шуравӣ мерос мондаанд ва бештари онҳо солҳои 50-ум, 60-ум, 70-уми асри гузашта бунёд шудаанд.

Бо дастгирии Ҳукумати мамлакат аз ҷониби Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ давра ба давра ин пойгоҳҳои обкашӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷавӣ ва дигар сарчашмаҳои маблағгузорӣ таъмир ва навсозӣ шуда истодаанд.

Бояд гуфт, ки дар баъзе минтақаҳои мамлакат 50-60 фоизи заминҳои кишоварзон ба воситаи пойгоҳҳои обкашӣ обёрӣ карда мешаванд. Дар ноҳияҳои Панҷакент, Зафаробод, зиёда аз 35 ҳазор гектар замин сад фоиз ба тариқи пойгоҳои обкашӣ бо об тахмин карда мешаванд. Новобаста аз он ки таҷҳизоти ин пойгоҳҳо кӯҳна ва фарсуда шудаанд, аммо, мутахасисони Агентӣ онҳоро таъмир мекунанд ва тамоми кӯшишҳои худро ба он равона сохтаанд, ки дар заминҳои кишоварзон об ҷорӣ бошад, маҳсулоти кишоварзӣ фаровон ва арзон то ба дастархони ҳар як хонаводаи мамлакат дастрас гардад.

Агентӣ баҳри бо оби полезӣ таъмин намудани кишоварзон, азхудкунии заминҳои нави обёришаванда, беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳои кишоварзӣ ва гузаронидани корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар соли 2022 корҳои муайянро анҷом дод.

Бо ин мақсад лоиҳаҳои «Беҳтар намудани идоракунии захираҳои об дар вилояти Хатлон» (солҳои 2020 – 2025), «Идоракунии захираҳои об дар ҳавзаи дарёи Панҷ» (солҳои 2016 – 2024) ва «Системаи обёрии ба тағйирёбии иқлим ва офатҳои табиӣ тобовар ва навсозии заҳкашу заҳбурҳо дар ҳавзаи дарёи Вахш» (солҳои 2022 – 2027) ба маблағи 135, 282 миллион даллари ИМА татбиқ шуда истодааст.

Дар доираи «Барномаи давлатии азхудкунии заминҳои нави обёришаванда ва барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022 – 2027» 617 гектар замини нав аз худ карда шуда, 3281 гектар замини аз гардиши кишоварзӣ берунмонда барқарор ва ба гардиши кишоварзӣ ворид карда шуд.

Ба маълумоти шумо мерасонам, ки аз ҷониби Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ барномаи мукаммали сармоягузорӣ барои хариди таҷҳизоти муосири каммасрафи барқӣ ва таъмин намудани пойгоҳҳои обкашӣ бо онҳо барои давраи солҳои 2023-2027 таҳия ва пешниҳод карда шуд. Ин барнома рӯзҳои наздик аз тарафи Ҳукумати мамлакат қабул карда мешавад.

Он таҷҳизоте имрӯз дар пойгоҳҳо насб шудаанд, неруи зиёди барқро талаб мекунанд, ки чунин ҳолат боиси қиммат шудани хизматрасонӣ мегардад.

Дар баробари ин аз тарафи Агентӣ тадбирҳо барои дар ояндаи наздик тадриҷан гузаштан ба системаи обёрии қатрагӣ андешида хоҳанд шуд.

Акрам САНГЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз бойгонӣ

Июнь 14, 2023 10:07

Хабарҳои дигари ин бахш

САДА-САРОҒОЗИ СУННАТҲОИ МИЛЛИИ ТОҶИКОН. Он қадимтарин ҷашни башарият аст
Чаро дар Тоҷикистон баргузории маъракаю маросим кам, вале ҳуқуқвайронкунӣ зиёд шудааст?
«ЧОРАҲОИ ПЕШГИРИИ ЗУҲУРОТИ КОРРУПСИОНӢ ДАР СОҲАИ НАҚЛИЁТ». Дар ин мавзуъ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
«Сомон Эйр» барои харидории ду ҳавопаймои Boeing 737-8 бо ширкати «DAE Capital» -и Амрико созишнома ба имзо расонд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони Милали Муттаҳид барои мусоидат ба маблағгузории ҳадафҳои стратегӣ баррасӣ гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон беш аз 22,4 миллиард кВт-соат неруи барқ ва зиёда аз 1,3 миллион Гкал неруи гармӣ истеҳсол шудааст
Соли 2024 дар 3239 гектар корҳои бунёд ва барқароркунии ҷангал иҷро гардид
Соли 2024 аз Тоҷикистон ба беш аз 26 давлати хориҷӣ маҳсулоти кишоварзӣ содирот гардид
«Тоҷикаэронавигатсия» соли 2024 ба 71 ҳазору 459 техникаи ҳавопаймоӣ хизмат расонидааст
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон панҷ барномаи давлатӣ барои беҳтар намудани заминҳои кишоварзӣ амал менамояд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Бахшида ба Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо лоиҳаи Консепсияи «Харитаи роҳ» таҳия гардид
Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ — роҳнамо дар роҳи созандагию бунёдкорӣ ва расидан ба ормонҳои миллӣ