Бахшида ба 30-солагии барқароршавии муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Қазоқистон консерти тантанавӣ доир гардид
ДУШАНБЕ, 01.06.2023 /АМИТ «Ховар»/. 29 май бахшида ба 30-солагии барқароршавии муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон дар ноҳияи Сариоғоши вилояти Туркистони Ҷумҳурии Қазоқистон дар доираи сафари ҳунарии ҳайати Муассисаи давлатии «Оркестри давлатии симфонӣ» — и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон консерти тантанавӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон хабар доданд.
Дар консерт намояндагони Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон, ҳокимияти ноҳияи Сариоғош, аҳли фарҳанг ва тоҷикони муқими ноҳияи Сариоғош иштирок намуданд.
Барномаи консертии мазкур дар Қасри фарҳанги ноҳияи Сариоғош бо иштироки аҳли фарҳанг ва ҳунари Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд.
АКС: Сафорати Тоҷикистон дар Қазоқистон








Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз ду ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Италия Нигористони Боргезеро тамошо намуданд
«РОБИАИ БАЛХӢ–НАХУСТИН НИДОИ ИШҚ». Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ ҳамоиши илмӣ–адабӣ доир шуд
Дар Душанбе бо иштироки беш аз 30 муассисаи нашриявӣ намоиши китоб оғоз гардид
«TAJIKISTAN, UNA CULTURA DA SCOPRIRE». Нашрияи итолиёвӣ доир ба мероси таърихию фарҳангии тоҷикон мақола чоп намуд






