Байни ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳум ба имзо расид

Июнь 24, 2023 08:52

ДУШАНБЕ, 24.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. Байни Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази иттилоотии хизматрасонии сайёҳӣ»-и Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати чинии «More Trip International Travel Service Co» ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ  ба имзо расид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи рушди сайёҳии ҷумҳурӣ хабар доданд.

Ҷонибҳо ҷиҳати вусъат бахшидани ҳамкории дуҷониба дар соҳаи сайёҳӣ, табодули таҷриба, ташрифи сайёҳони ду ҷониб, ворид намудни сайёҳони кишварҳои сеюм ба Тоҷикистон тавассути гузаргоҳҳои сарҳадии Чин ва Тоҷикистон ва баргузории чорабиниҳои муштараки сайёҳӣ ибрози назар намуданд.

Изҳор гардид, ки ба роҳ мондани равобити дуҷонибаи ширкатҳои Чин ва Тоҷикистон барои рушди соҳаи сайёҳии ҳарду давлат манфиатовар мебошад.

Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкории мутақобила  байни Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази иттилоотии хизматрасонии сайёҳӣ»-и Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати чинии «More Trip International Travel Service Co»  ҷиҳати муаррифии  иқтидори сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар воситаҳои ахбори омма  ва захираҳои интернетии Ҷумҳурии Мардумии Чин ба имзо мусоидат хоҳад намуд.

Мавриди тазаккур  аст, ки Ёддошти тафоҳум муҳлатнок буда,  то  31 декабри соли 2023 қобилияти амал намуданро дорад ва бо назардошти манфиатҳои ду ҷониб метавонад тамдид карда шавад.

АКС: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 24, 2023 08:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид
ТУХМИПАРВАРӢ. Барои рушди ин соҳа чӣ бояд кард?
Дар шаҳри Ҳисор кишти пунбадона оғоз ёфт
Дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои энергетикиро баррасӣ намуданд
Намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандии занони Хатлон дар Душанбе то 15 апрел идома меёбад
Беҳтарнамоии сифат ва бехатарии ғизо бо коршиносони Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ баррасӣ гардид
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини нoҳияи Вахш дар замини наздиҳавлигияш гармхона ташкил намуд
Дар Санкт-Петербург нахустин Форуми байналмилалии нақлиётӣ-логистикӣ доир гардид
Дурнамои рушди соҳаҳои маориф, тандурустӣ, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ муаррифӣ карда шуд