Байни ширкатҳои сайёҳии «Transavia express»-и Тоҷикистон ва «Discover Azerbaijan»-и Озарбойҷон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид

Июнь 20, 2023 12:17

ДУШАНБЕ, 20.06.2023 /АМИТ «Ховар»/. Байни ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистону Озарбойҷон- «Transavia express» ва «Discover Azerbaijan» Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон иттилоъ медиҳад.

Дар маросими баимзорасонии ин санад таъкид карда шуд, ки ин аввалин созишномаи ҳамкорӣ байни ширкатҳои «Transavia express» ва ширкати сайёҳии «Discover Azerbaijan» маҳсуб ёфта, ҳадафаш роҳандозии равобит барои ҷалби бештари сайёҳон аз Озарбойҷон ба Тоҷикистон мебошад.

Ифтитоҳи парвози нахустини мустақими мунтазам дар масири Боку –Душанбе-Боку, ки 30 май аз ҷониби ширкати ҳавопаймоии Озарбойҷон «Buta Airways» анҷом дода шуд, барои таҳкими муносибатҳои ҳарду ҷумҳурӣ муҳим арзёбӣ гардид.

Инчунин дар Боку бо ташаббуси ширкати сайёҳии Тоҷикистон «Transavia express» ва Сафорати Тоҷикистон дар Озарбойҷон вохӯрии намояндагони 7 ширкати сайёҳии Тоҷикистон бо ширкати «Discover Azerbaijan», намояндагони Агентии давлатии сайёҳии Озарбойҷон, ширкати давлатии ҳавопаймоии Ҷумҳурии Озарбойҷон «AZAL» ва хабарнигори Агентии хабарии интернетии Trend.az-и Озарбойҷон доир гардид, ки дар онҳо масоили марбут ба тақвияти ҳамкорӣ баррасӣ шуд.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон

Июнь 20, 2023 12:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
САЙЁҲИИ КӮҲНАВАРДӢ. Тоҷикистон яке аз маконҳои ҷолиб дар ҷаҳон барои кӯҳнавардӣ аст
Душанбе мизбони Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» мегардад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Рӯзноманигорони Қирғизистон бо инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардиданд
ҶАҲОНГАРДИРО АЗ ВАТАНГАРДӢ ОҒОЗ НАМО! Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иқдоми сайёҳӣ баргузор намуд
Қатораи байналмилалии сайёҳии «Роҳи Абрешим» бо ҳайати сайёҳон ба Душанбе омад
САЁҲАТРО АЗ ВАТАН ОҒОЗ МЕНАМОЕМ! Ёдгориҳои таърихию фарҳангии Хуттали Қадим аз ҷиҳати аҳамияти таърихӣ ҳамто надоранд
Фестивали байналмилалии «Наврӯз — мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистонро муаррифӣ намуд
КУЛОЛГАРӢ — РАМЗИ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ. Анъанаи истифодаи зарфҳои кулолӣ дар Наврӯз то имрӯз боқӣ мондааст