Бонки Осиёии рушд ба таъмири мавзеи таърихии Аҷинатеппа таваҷҷуҳ зоҳир намуд

Июнь 14, 2023 16:06

ДУШАНБЕ, 14.06.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи сафари расмӣ ба  Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти Бонки Осиёии рушд Масатсугу Асакава дар ноҳияи Вахши вилояти Хатлон аз мавзеи таърихии Аҷинатеппа боздид намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон.

Иттиллоъ дода шуд, ки Аҷинатеппа боқимондаи ёдгори меъмории дини будоӣ буда, мувофиқи таҳқиқи бостоншиносон, бутхона дар нимаи дуюми асри 7 ва ибтидои асри 8 фаъолият дошт.

Аҷинатеппа аз маркази шаҳри Бохтар 13 км дар Ҷамоати деҳоти «Киров»-и ноҳияи Вахши вилояти Хатлон ҷойгир шудааст. Номи асосии ин ёдгорӣ аслан «Аҷина-теппа» набуда, ин унвон солҳои 1940 ба он дода шудааст.

Тибқи ривояти мурдуми маҳал, солҳои 1940 дар натиҷаи боришот  як ҷойи теппа фурӯ рафта, сурохие ба вуҷуд омадааст.  Нафаре аз ин деҳа вориди сурохӣ шуда, Буддои якпаҳлӯ хобрафтаро дар ҳолати нирвана мебинад.

Тазаккур дода шуд, ки баъдан мардуми деҳа ин маконро макони ҷинҳо (махлуқи бадшакли афсонавӣ) пиндошта «Аҷина-теппа» номгузорӣ намудаанд. Айни ҳол мавзеи мазкур ба таҳқиқи амиқ ниёз дорад.

Президенти Бонки Осиёии рушд Масатсугу Асакава ҷиҳати таъмир ва ба пойгоҳи сайёҳӣ табдил додани ин макон таваҷҷуҳ зоҳир намуда, иброз дошт, ки метавон дар натиҷаи корбарии хуб лоиҳаҳоро дар ин самт низ татбиқ намуд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон

Июнь 14, 2023 16:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндагони Тоҷикистон дар Бозиҳои Делфии давлатҳои аъзои СҲШ соҳиби 7 медал гардиданд
РУШДИ САЙЁҲИИ ГАСТРОНОМӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Ҷаҳонгардон бо таомҳои миллии тоҷикӣ шинос мешаванд
Рӯзҳои фарҳанги Ҷопон дар Тоҷикистон бо намоиши ҷашну анъана ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1108 то 0.1140 сомонӣ муқаррар шудааст
ТОҚИДӮЗӢ — ҲУНАРИ ҚАДИМӢ. Равнақи он анъанаҳои миллиро ҳифз менамояд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
РАШТОНЗАМИН. Кӯҳистони ин минтақа макони беназири сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ ва рафтинг аст
Дар Тоҷикистон ҳунари муҷассамасозӣ ва ҳайкалтарошӣ рушд менамояд
Соли 2026 дар Тоҷикистон чор пойгоҳи бостоншиносӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон беш аз 78 ҳазор китоб ба табъ расонид
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд