«CAFA Nations Cup-2023». Пагоҳ дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо Уммон бозӣ менамоянд
ДУШАНБЕ, 13.06.2023 /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 14 июн дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон дар доираи Мусобиқаи Ҷоми миллатҳои Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ дар гурӯҳи «А» бозии дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо Уммон баргузор мегардад. Дар ин хусус ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» дар Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.
Аз ин пеш дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозии якуми худ бо Туркманистон рақобат намуд. Ин вохӯрӣ дар варзишгоҳи «Пахтакор»-и шаҳри Тошканд баргузор шуда, бо ҳисоби 1 бар 1 анҷом ёфт.
Дар бозии дигари гурӯҳ дастаи мунтахаби Узбекистон бо ҳисоби 3 бар 0 муқобили Уммон ғолиб омад.
Хотиррасон мешавем, ки дар мусобиқаи «CAFA Nations Cup-2023» дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи «А» бо Туркманистон, Уммон ва Узбекистон бозӣ менамояд.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикист








«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
БОЗИҲОИ 20-УМИ ОСИЁ. Шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон ин бозиҳоро мизбонӣ мекунанд
Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид
Ҷашни Наврӯз дар аҳди бостон бо мусобиқаи камонварӣ оғоз мегардид
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мегардад
БОЗИҲОИ СОҲИЛИИ ОСИЁ-2026. Шаҳри Саняи Чин мизбони бозиҳо мегардад
Дастаи олимпии то 23-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон иштирок менамояд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозии ниҳоӣ бо дастаи яккачини Филиппин муайян шуд
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА ГӮШТИНИ ҶУДО. Дар он 13 варзишгари Тоҷикистон иштирок менамоянд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ ба муқобили дастаи яккачини Филиппин оғоз мекунад
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хоруғ мусобиқаи гӯштини миллӣ доир мегардад
Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд






