Дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Рӯзи Ваҳдати миллиро таҷлил намуданд
ДУШАНБЕ, 26.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар ҷамъомад таъкид карда шуд, ки ба шарофати ваҳдати миллӣ Тоҷикистон рушд намуда, миллати тоҷик ба ҳадафҳои пешгузоштаи худ дастёб гардид ва тамоми соҳаҳо ташаккул ёфт.
Дар идомаи чорабинӣ бо назардошти натиҷаҳои назаррасӣ корӣ ва намунавор иҷро намудани вазифаҳои хизматӣ аз ҷониби роҳбарияти Агентӣ як қатор кормандон ба рутбаҳои махсуси навбатӣ ҳавасманд гардонида шуданд.
Ҳамзамон ба ғолибони мусобиқаи варзишӣ оид ба футболи хурд, ки бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ аз 13 то 20 июн байни кормандони Агентӣ доир гардид, ҷом ва медалу ифтихорномаҳо тақдим карда шуд.
АКС: Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон








ТАЪМИНИ БОЗОРИ ДОХИЛӢ БО МАҲСУЛОТИ ҶАНГАЛ. Дар Суғд дар 540 метри мураббаъ гармхона бунёд гардид
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд






