Дар Алмаато нахустин Мусобиқа оид ба гӯштини тоҷикӣ «Гуштингирӣ» доир гардид

Июнь 13, 2023 08:21

ДУШАНБЕ, 13.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. 11 июн дар шаҳри Алмаато бо ташаббуси Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон нахустин Мусобиқа оид ба гуштини тоҷикӣ «Гуштингирӣ» ба ифтихори 30-солагии барқароршавии муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон, инчунин таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Алмато хабар доданд.

Дар чорабинии мазкур беш аз 100 нафар меҳмонон, аз ҷумла аз Ассамблеяи халқҳои Қазоқистон, роҳбарон ва фаъолони марказҳои фарҳангӣ, донишҷӯён, муҳоҷирони меҳнатӣ, ҳамватанони бурунмарзӣ ва беш аз 28 нафар гӯштингирони касбӣ аз Тоҷикистону Қазоқистон  иштирок намуданд.

Ғолибони мусобиқа бо медалу ифтихорномаҳо ва сертификатҳои  пулӣ барои ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм бо маблағи 100 000, 50 000, 30 000 тенге мукофотонида шуданд.

АКС: Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Алмаато

Июнь 13, 2023 08:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
БОЗИҲОИ 20-УМИ ОСИЁ. Шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон ин бозиҳоро мизбонӣ мекунанд
Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид
Ҷашни Наврӯз дар аҳди бостон бо мусобиқаи камонварӣ оғоз мегардид
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мегардад
БОЗИҲОИ СОҲИЛИИ ОСИЁ-2026. Шаҳри Саняи Чин мизбони бозиҳо мегардад
Дастаи олимпии то 23-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон иштирок менамояд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозии ниҳоӣ бо дастаи яккачини Филиппин муайян шуд
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА ГӮШТИНИ ҶУДО. Дар он 13 варзишгари Тоҷикистон иштирок менамоянд