Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб зимни конфронс таҳти унвони «Ваҳдат-бақои миллат» маросими супоридани дипломҳои аъло баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 23.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. Ваҳдати миллӣ ҳамчун омили муттаҳидсози миллати тоҷик имкон фароҳам овард, ки бо истифодаи арзишҳои аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфташуда дар ҷумҳурӣ таҳкурсии ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ гузошта шуда, барои беҳтар гардидани сатҳу сифат и зиндагии мардум, ободии Ватан ва ояндаи давлати соҳибистиқлоламон заминаи мусоид муҳайё гардад. Ин нукта зимни конфронси илмӣ-назариявӣ дар мавзуи «Ваҳдат-бақои миллат», ҳамзамон маросими супоридани дипломҳои аъло дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ иброз гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишгоҳи мазкур хабар медиҳад.
Дар конфронс таъкид гардид, ки самари ваҳдати миллӣ буд, ки халқи тоҷик тавонист дар сарнавишти миллат дигаргуниҳои зиёдеро дар мавриди худшиносиву худогоҳии миллӣ ба вуҷуд орад.
«Дастоварди бузургтарини мо дар ин давра ин оғози эъмори давлати ҳуқуқбунёд, гузоштани заминаи он зимни таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, таҳким бахшидани пояҳои истиқлоли давлатӣ, анҷоми дигар корҳои созандагию ободкорӣ мебошад, ки имрўзҳо дар шукуфоии тамоми минтақаҳои мамлакат эҳсос карда мешавад»- гуфта шуд дар конфронс.
Иброз гардид, ки соли 2023 донишгоҳро 1850 нафар донишҷӯён ва магистрантон хатм намуданд. Хатмкунандагони таълими рӯзона 833, таҳсилоти фосилавӣ 934 ва зинаи магистратура 83 нафарро ташкил медиҳад.
Аз шумораи зикршудаи хатмкардагон 52 нафар – 42 нафар зинаи бакалавр (41 нафар рӯзона ва 1 нафар фосилавӣ) ва 10 нафар зинаи магистратураро бо дипломи аъло хатм намуданд.
Гирандагони дипломи аъло дар соли ҷорӣ 2,86%-и теъдоди умумии хатмкардагонро ташкил медиҳад. Аз 41 нафар хатмкардаи гирандаи дипломи аълои таълими рӯзона 34 нафар хатмкардаи ихтисосҳои равияи омӯзгорӣ (23 нафар буҷавӣ, 1 нафар шартномавӣ ва 10 тибқи квотаи Президентӣ) мебошанд.
«Албатта, зарфият, тавоноӣ, имконоти ҳайати олимон ва донишҷӯёни мо бештар аз ҳадди натиҷаҳост. Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки дар соли навбатии таҳсил бо кашфи истеъдодҳои нав, тақвияти кори маҳфилҳои фаннӣ, ҷалби бештари донишҷӯён ба онҳо, тақвияти дастаи олимпӣ, аз ҷумла бо ҷалби хатмкунандагони дорои дипломи аъло ба зинаҳои магистратура ва докторантура дар самтҳои зикршудаи фаъолият корро ҷоннок ва натиҷаву дастовардҳоро афзун намоем»,-таъкид намуд Ректори Донишгоҳ.
Сипас муаллимону дотсентон дар мавзуъҳои «Маснавии мо дўкони ваҳдат аст», «Вазъи сиёсии Тоҷикистон ва таъмини Ваҳдат дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ», «Аҳамияти таърихии Ваҳдати миллӣ» ва «Саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таъмини сулҳ» маъруза намуданд.
Дар қисмати тантанавӣ аз ҷониби роҳбарияти донишгоҳ ба 52 нафар донишҷӯён ва магистрантоне, ки донишгоҳро бо баҳои аъло хатм намуданд, дипломи аъло супорида шуд.
Ҳамчунин, дар чорабинӣ як қатор хатмкунандагон ва волидайни эшон баромад намуда, миннатдории хешро ба роҳбарияти донишгоҳ ва омӯзгороне, ки ба фарзандони онҳо тули таҳсил сабақ омӯхтанд, баён намуданд.
АКС: Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ








35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ 10 муассисаи томактабӣ бунёд мегардад
Маорифчиёни ноҳияи Шоҳмансур Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар сатҳи баланд таҷлил намуданд
МАСЛИҲАТ БА ДОВТАЛАБ. Ҳангоми интихоби касб довталаб бояд бештар дониш ва истеъдодашро ба назар гирад
Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб конференсияи илмӣ-назариявӣ доир гардид
Барои пурсамар гузаронидани давраи таътил ба хонандагон мутолиаи кадом китобҳо тавсия дода мешавад?
НАВРӮЗ — ЭҲЁГАРИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд






