Дар Душанбе тақвияти муносиботи байнипарлумонии Тоҷикистон ва Озарбойҷон баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 02.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз раиси кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Саидмурод Фаттоҳзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Алимирзамин Аскеров мулоқот намуд. Дар ин хусус котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон ба АМИТ «Ховар» хабар дод.
Дар ҷараёни мулоқот масъалаи тақвияти ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон дар ҳамаи заминаҳо, аз ҷумла муносибати байнипарлумонӣ, ҳамкории фарҳангӣ ва дигар мавзуъҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафҳо муҳокима карда шуд.
Иброз гардид, ки фаъолият доштани гурӯҳҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ дар парлумонҳои ду давлат заминаи хуб барои таҳкими ин муносибат ба вуҷуд меорад.
Дар анҷоми мулоқот изҳори умедворӣ карда шуд, ки муносиботи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон дар ҳамаи соҳаҳо густариш ёфта, маҷрои нав касб менамояд.
АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар даври омӯзишии байналмилалӣ дар Италия масоили дипломатияи илмӣ ва ҳамкории байналмилалӣ баррасӣ мешаванд
Файзалӣ Идизода бо муовини раиси Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Корея вохӯрӣ намуд
Файзалӣ Идизода бо Сафири Ҷумҳурии Корея дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи солонаи Ассамблеяи парлумонии САҲА иштирок намуд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Раиси Агентии Чин оид ба ҳамкории рушди байналмилалӣ мулоқот намуданд
Мулоқоти Раиси Маҷлиси намояндагон бо Раиси Кумитаи миллӣ оид ба ҳуқуқи инсони Давлати Қатар доир гардид
Файзалӣ Идизода бо Раиси Маҷлиси Шурои Подшоҳии Арабистони Саудӣ вохӯрӣ намуд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Раиси Маҷлиси Шурои Подшоҳии Арабистони Саудӣ мулоқот намуданд
Дар Душанбе тавсеаи робитаҳои парлумонии Тоҷикистон ва Русия баррасӣ гардид
Раиси Маҷлис-аш-Шурои Подшоҳии Арабистони Саудӣ бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф меорад
Қабули қатъномаи Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда рӯйдоди воқеан таърихӣ ва мояи ифтихори ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон мебошад
Дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ созишномаи сармоягузорӣ ба тасвиб расид






