Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон феҳристи «Ваҳдати миллӣ» рӯнамоӣ карда шуд

Июнь 21, 2023 17:43

ДУШАНБЕ, 21.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба ифтихори ҷашни Ваҳдати миллӣ мизи мудаввар таҳти унвони «Нақши Ваҳдати миллӣ дар таҳкими Истиқлолияти давлатӣ» баргузор шуда, феҳристи «Ваҳдати миллӣ» рўнамоӣ гардид, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».

Дар ҷамъомад директори Китобхонаи миллӣ Ҷумахон Файзализода изҳор дошт, ки самари ваҳдати миллӣ ва ҳамдилии мардуми шарафманди тоҷик аст, ки имрўз Тоҷикистон ба як мамлакати пешрафта табдил ёфта, сол ба сол дар ҷумҳурӣ сатҳу сифати некуаҳволии аҳолӣ боло меравад.

«Ин ҳама дастоварҳои мо, зиндагии орому осуда ва рушди корҳои созандагию бунёдкорӣ, пеш аз ҳама дар натиҷаи талошҳои хастанопазири фарзонафарзанде дар симои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷумҳурӣ ба даст омадааст. Сарвари давлати мо тавонистанд тавассути сохтмони роҳу нақбҳо ва дигар амалҳои созанда миллати мор обоз ҳам сарҷамъ сохта, ба бунёди давлати нави тоҷикон асос гузоранд»,- тазаккур дод Ҷумахон Файзализода.

Мавсуф иштирокдоронро даъват намуд, ки дар атрофи Пешвои муаззами миллат боз ҳам муттаҳидтар гашта, баҳри бунёди ояндаи дурахшони сарзамини аҷдодиамон камари ҳиммат бандем.

Дар мизи мудаввар иброз гардид, ки бо гузашти бештар аз ду даҳсола шоирону нависандагон, донишмандону таърихшиносон доир ба сабабу омилҳо, натиҷаву паёмад ва паҳлӯҳои мухталифи Ваҳдати тоҷикон китобу мақола, суҳбату гузориш ва садҳо достону шеър ва қиссаро эҷод намудаанд. Дар ин маврид зарурати дар як маҷмӯа ҷамъ овардани онҳо, яъне ташкили феҳристи адабиёт оид ба ваҳдат миллӣ пеш омад, то ин ки пажӯҳишгарон дар дарёфти маводи зарурӣ мушкил надошта бошанд.

Иттилоъ дода шуд, ки ҳадафи таҳияи феҳристи «Ваҳдати миллӣ» ин шинос намудани аҳли ҷомеа ва муаррифию тавсияи адабиёти баргузида оид ба масоили ваҳдат ва ваҳдатшиносӣ мебошад.

Дар феҳристи «Ваҳдати миллӣ» 3831 маводи чопии солҳои 1991-2022 нашргардида ҷо шудааст, ки дар он на ҳамаи маводи интишорёфта ворид шудааст.

Сабаби асосии номнавис нашудани тамоми маводи ба мавзӯъ ихтисосдоштаро директори Китобхона Ҷумахон Файзализода қабл аз ҳама дар он шарҳ дод, ки на ҳамаи маҳсулоти чопии дар қаламрави ҷумҳурӣ нашршуда аз ҷониби муассисаҳои интишоротӣ тибқи муқаррароти қонунгузорӣ ба ҳайси нусхаҳои ҳатмӣ ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Агентии миллии созмони байналмилалии рақамгузории стандарти китоб-Хонаи китоби Тоҷикистон ворид мешаванд.

Илова бар ин, бо теъдоди кам нашр шудани китобҳо (аз 50 то 200 нусха) имкони дастрасиро душвор гардонида, барои бақайдгирии саривақтӣ ва феҳристнигории минбаъдаи онҳо монеа эҷод мекунад.

Дар чорабинӣ Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Рудобаи Мукаррам вобаста ба «Нақши Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар таҳкими давлатдории миллӣ» ибрози андеша намуда, гуфт, ки «ваҳдати миллӣ ягонагии тамоми қишрҳо, ниҳодҳо ва неруҳоеро дар назар дорад, ки дар ҳудуди зисти ин ё он миллат фаъолият менамоянд. Ҳақиқатан ваҳдати миллӣ шукуфоии Ватан аст, зеро дар давлате, ки сулҳу амонӣ ва дӯстӣ ҳукмфармост, он сарзамин ба мисли гулҳои баҳорӣ рӯз то рӯз шукуфта, иқтисодиёташ дараҷа ба дараҷа боло шуда, аз ҷиҳати фарҳангӣ ва сиёсӣ пеш меравад».

Таъкид гардид, ки ташаккули сулҳу ваҳдат, худшиносии миллӣ, ифтихори ватандорӣ ва шаъну шарафи шаҳрвандии ҳамватанони мо яке аз заминаҳои мустаҳками давлатдорӣ ва сулҳу ваҳдати миллӣ дар мамлакат ва воситаи боэътимоди рушди давлати демократӣ мебошад.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Июнь 21, 2023 17:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Маркази ташхису табобат ва таълими Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе Муассисаи таҳсилоти томактабии «Дурахшон»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои КВД «Шаҳри ҳушманд»-ро ифтитоҳ намуданд
35-СОЛАГИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Айнӣ 10 иншооти соҳаи маориф ба истифода дода мешавад
Дар шаҳри Хуҷанд бунёди беш аз 900 иншооти гуногун дар назар аст
Дар Санкт-Петербург Ассамблеяи XIX генералии Созмони агентиҳои иттилоотии кишварҳои Осиё ва Уқёнуси Ором баргузор шуд
Дар деҳоти ба номи Лоиқ Шералии шаҳри Панҷакент беморхонаи муосир бунёд мегардад
Дар Роғун бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ 5 иншоот ба истифода дода мешавад
Дар Китобхонаи миллӣ китобномаи шарҳиҳолии Шоири халқии Тоҷикистон Ашӯр Сафар рӯнамоӣ гардид
САЙРИ БАДАХШОН. Дар вилоят беш аз 300 муассисаи фарҳангӣ ба мардум хизмат мерасонад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Бадахшон сохтмони 17 бинои муассисаи таълимӣ идома дорад
Дар соҳили рости дарёи Сир ба дарозии 2 километр ва паҳноии 8 метр роҳрав сохта мешавад