Дар муқоиса ба 5 соли пеш воридоти гӯшт аз хориҷи Тоҷикистон коҳиш ёфтааст

Июнь 30, 2023 10:22

ДУШАНБЕ, 30.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар муқоиса ба панҷ соли пеш воридоти гӯшт аз хориҷи мамлакат 19,4 маротиба коҳиш ёфтааст. Дар давраи татбиқи «Барномаи маҷмӯавии рушди соҳаи чорводорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022» бо истифодаи маб­лағи буҷет ва ҷалби сармояи ватанию хориҷӣ чорводорӣ, парандапарварӣ, моҳипарварӣ ва занбӯри­асалпарварӣ рушд ёфта, саршумори чорвою паранда, оилаҳои занбӯри асал ва истеҳсоли маҳсулот, аз ҷумла гӯшт, гӯшти паранда, шир, тухм, моҳӣ ва асал зиёд гардид. Дар ин хусус зимни муҳокимаи парламентӣ, ки дар Маҷлиси намояндагон дар мавзӯи «Барномаи маҷмӯавии рушди соҳаи чорводорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022» баргузор гардид, иттилоъ дода шуд.

Дар муҳокимаи парламентӣ ҳамчунин иброз гардид, ки соли 2022 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ саршумори чорвои калон ба 2543,9 ҳазор сар ва моли майда ба 6295,9 ҳазор сар расида, дар ин давра 349,1 ҳазор тонна гӯшт ва 1064,2 ҳазор тонна шир истеҳсол шудааст. Нисбат ба давраи қабули Барнома (соли 2017) саршумори чорвои калон 226,7 ҳазор сар (9,8 фоиз), моли майда 714,5 ҳазор сар (13 фоиз), истеҳсоли гӯшт 100,4 ҳазор тонна (40,3 фоиз) ва шир 114,3 ҳазор тонна (12 фоиз) зиёд гардид.

Гуфта шуд, ки бо истифодаи имтиёзҳои додашуда дар давраи амалишавии Барномаи мазкур барои беҳтар намудани зоти чорво, ташкили фермаҳои нави чорводорӣ ва афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли гӯшту шир аз хориҷи ҷумҳурӣ 17732 сар чорвои хушзот ворид шуд, ки нисбат ба нишондоди барнома 2,1 маротиба зиёд мебошад.

Мавриди тазаккур аст, ки бо дастгирии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давраи амалишавии ин Барнома шумораи корхонаҳои парандапарварӣ аз 65 ба 218 расид, ки 3,3 маротиба зиёд мебошад.

«Новобаста аз зиёд гаштани саршумори чорво, сифат ва маҳсулнокии онҳо беҳбудиро талаб мекунад. Ҳиссаи соҳаи кишоварзӣ дар Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар соли 2022 24,1 млрд. сомониро ташкил дода, аз он 6,7 млрд. сомонӣ ба соҳаи чорводорӣ рост меояд. Ин рақам шаҳодат медиҳад, ки барои дастгирӣ ва рушди соҳа маблағи зиёд равона мешавад. Зарур аст, ки бо дастгирии олимони соҳа, истифодаи нав­гониҳои илмӣ дар амалия метавонем маҳсулнокии соҳаро зиёд намоем. Ин саҳми муносиб дар истеҳсоли маҳсулоти аз лиҳози экологӣ тоза, ғанӣ гардонидани бозорҳо, таъмини амнияти озуқавории мамлакат ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат мегардад»,-таъкид гардид дар нишасти мазкур.

АКС: АМИТ «Ховар»

Июнь 30, 2023 10:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар Тоҷикистон беш аз 23 миллиард сомониро ташкил дод
Маконҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва сайёҳии Тоҷикистонро беш аз 760 ҳазор сайёҳи хориҷӣ тамошо намуданд
Логистика ба бахши ҷудонопазир ва муҳаррики муҳими иқтисод табдил меёбад
Ҷаласаи Кумитаи тадорукот оид ба омодагӣ ва баргузории Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе Инвест-2025» доир шуд
Дар Форуми иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва сайёҳӣ зиёда аз 100 ширкати Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб иштирок намуданд
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Амороти Муттаҳидаи Араб Созишномаи ҳамкорӣ оид ба алоқаи ҳавоӣ ба имзо расид
Форуми иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб доир гардид
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилояти Суғд ба 18,1 миллиард сомонӣ расид
Вохӯрии маҷозии Шурои тиҷоратии Тоҷикистону Амрико дар мавзуи технологияҳои рақамӣ баргузор гардид
Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб ҳамкориро дар бахшҳои саноат ва иқтисод баррасӣ намуданд
Иншооти аср — Неругоҳи барқи обии «Роғун» таҳти роҳнамоии Президенти Тоҷикистон бунёд мегардад
Чаро дар Тоҷикистон нархи картошка гарон аст? Маҳдуд кардани дахолати миёнаравҳо имкон медиҳад, ки кишоварзон маҳсулоти худро бевосита ба бозор бароранд