Дар пойтахт Лоиҳаи «Харитаи электронии шаҳри Душанбе» баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 15.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд» лоиҳаи «Харитаи электронии шаҳри Душанбе» мавриди баррасӣ қарор гирифт. Харитаи электронӣ- ин тасвири картографӣ мебошад, ки дар асоси маълумоти харитаи рақамӣ омода шудааст. Он маълумот дар бораи нуқтаҳои геодезӣ, релеф, гидрографӣ, наботот, хок, иншооти хоҷагидорӣ ва фарҳангӣ, роҳҳо, коммуникатсия, инфрасохтори шаҳрӣ, сарҳадҳо ва дигар иншооти релефиро дар бар мегирад.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд» хабар медиҳад, 14 июни соли равон масъалаи ҷорӣ намудани технологияҳои муосири телекоммуникатсионӣ дар рафти сохтмони биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ ва маъмурӣ дар пойтахт, инчунин лоиҳаи «Харитаи электронии шаҳри Душанбе» мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор гирифтанд.
Бояд тазаккур дод, ки таҳияи «Харитаи электронии шаҳри Душанбе» дар асоси дастури Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ амалӣ гардида, онро Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд (Smart city)»-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо ҶДММ «ГШ Эра» ба анҷом мерасонад. Дар ин Харита ба воситаи таҷҳизоти бесарнишин ҳудуди шаҳри Душанбе аксбардорбӣ шуда, ба шакли рақамӣ гузаронида мешавад.
Лоиҳаи мазкур аз чанд марҳила иборат аст, аз ҷумла:
Марҳилаи якум – Картография, ки ба воситаи таҷҳизоти бесарнишин ҳудуди шаҳри Душанбе аксбардорӣ шуда, ба шакли рақамӣ гузаронида мешавад.
Марҳилаи дуввум –Лоиҳакашии система, ки дар худ омода намудани супориши техникӣ барои оғоз намудани корҳои лоиҳавӣ, гузаронидани мусоҳиба бо сохторҳои мақомоти шаҳри Душанбе, омода намудани талабот барои сохтани қисми барномавӣ, ташаккул додани феҳристи маълумот барои рақамикунонӣ ва ғайраро дар бар мегирад.
Марҳилаи сеюм– Рақамикунонии маълумоти бойгонӣ, ки аз ташаккули пойгоҳи додаҳо барои ҳар манбаи маълумот, пур кардани пойгоҳи додаҳо, ба таври санҷишӣ пайваст намудани пойгоҳи додаҳо ба барнома, пайвастшавӣ ба инфрасохтори шаҳрӣ, ба мисли камераҳои назоратӣ, камераҳои назорати суръат, ҷароғакҳои роҳ ва ғайраро дар бар мегирад.
Марҳилаи чаҳорум – Омода намудани комплекси барномавии «Шаҳри ҳушманд». Ин омода намудани қисмати «frond-end»- барномаи мувофиқа намудани қисмати «frond-end» бо сохторҳои шаҳри Душанбе, яъне омода намудани рӯйхати барнома ва омода намудани қисмати «back-end»-и барнома ба таври тестӣ (қисмати сервер), пайвасти пойгоҳи додаҳои рақамикунонидашуда ва омӯзиши мутахассисон аст.
Марҳилаи панҷум – Навсозии инфрасохтори шаҳрӣ, ки навсозии системаи бехатарӣ, навсозии системаи баҳисобгирии захираҳо ва ғайраро дар бар мегирад.
Марҳилаи шашум – Омода намудани барномаи мобилии «Шаҳрванди фаъол». Бо кумаки барномаи мазкур шаҳрвандон метавонанд ба мақомот муносибати худро нисбат ба қарорҳое, ки дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти шаҳр қабул мешаванд, иброз намоянд.
Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»
АКС: Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд (Smart city)»-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе








Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Озмуни ноҳиявии «Кадбонуи беҳтарин» баргузор гардид
«МОДАР — САРЧАШМАИ МЕҲРУ МУҲАББАТ». Дар Душанбе Рӯзи модарро ботантана таҷлил намуданд
Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Маросими қадршиносии беҳтаринҳо дар соҳаҳои кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе баргузор гардид
МОДАР — САРЧАШМАИ МЕҲРУ МУҲАББАТ. Дар ноҳияи Шоҳмансур ҳамоиши идонаи фарҳангӣ – фароғатӣ доир шуд
УФУҚҲОИ ДӮСТӢ. Муносибатҳои бародаршаҳрӣ байни Душанбе ва Боку тақвият меёбад
«ЗАН-МОДАР — ПАЙВАНДГАРИ НАСЛҲО». Дар Душанбе ҳамоиши маърифатӣ — фарҳангӣ доир гардид
«БАРОИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТАМ СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНАМ!». Дар Душанбе Фестивали дӯстии афсарону сарбозон доир гардид
«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА». Дар Душанбе таҳти чунин унвон Фестивали гулҳо баргузор мегардад
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мегардад
Дар Душанбе ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии бошукуҳ баргузор гардид
Соли 2025 зиёда аз 1 миллион сайёҳон ба шаҳри Душанбе ворид гардидаанд






