Дар шаҳри Ваҳдат амалисозии «Барномаи миллии пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон барои солҳои 2020-2024» баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 02.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади дар амал татбиқ намудани «Барномаи миллии пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон барои солҳои 2020-2024» бо ташаббуси Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ваҳдат машварат баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои дохилӣ.
Сардори Раёсати пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғону ҷавонони Вазорати корҳои дохилӣ Мансур Бухоризода ҷиҳати иҷрои барномаи мазкур, натиҷаҳо ва дастовардҳои раёсат ва амалисозии бандҳои «Барномаи миллии пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон барои солҳои 2020-2024» маълумот пешниҳод намуд.
Намояндагони вазорату идораҳое, ки дар машварат иштирок доштанд, вобаста ба иҷрои бандҳои дахлдори барномаи мазкур ҳисобот доданд.
Дар идома аз ҷониби намояндаи Вазорати корҳои дохилӣ муҳтавои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон» мавриди баррасӣ қарор дода шуда, бандҳои алоҳидаи он ҷиҳати корбарӣ дар фаъолияти оянда ба намояндагони мақомоту идораҳои дахлдор фаҳмонида шуд.
Бояд гуфт, ки «Барномаи миллии пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон барои солҳои 2020-2024» баҳри иҷрои муқаррароти Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи кӯдак таҳия ва пешбинӣ шуда, ҳадафи барномаи мазкур дастҷамъона пешгирӣ намудани ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон ва ҷалби онҳо ба донишомӯзиву аз худ намудани барномаи таълимӣ мебошад.
АКС: Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ҳабибулло Воҳидзода прокурорҳои генералии Қирғизистон ва Қазоқистон мулоқот намуд
Ҳабибулло Воҳидзода бо Прокурори генералии Ҷумҳурии Озарбойҷон Камран Алиев мулоқот намуд
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 55 фоиз иҷро шуд
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 76 фоиз иҷро гардид
Дар шаҳри Ҳисор Рӯзи даъватшаванда баргузор гардид
Ҷавонони ноҳияи Деваштичро ба хизмати ҳарбӣ гусел карданд
Ҷавонони шаҳри Ваҳдатро бо дуои неки модарон ба сафи Артиши миллӣ гусел намуданд
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Ҷавонони ватандӯсти Панҷакент барои хизмат ба Ватан ба сафи Артиши миллӣ рафтанд
Ноҳияи Хуросон нақшаи даъвати тирамоҳиро дар рӯзи якум иҷро намуд
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Ҷавонони сарбаланди ноҳияи Вахш бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба сафи Артиши миллӣ ҳамроҳ шуданд
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ дар ҷамоатҳои деҳоти Ворух ва Чоркӯҳи шаҳри Исфара дар рӯзи якум иҷро гардид
Дар Фархор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон иҷро гардид






