Дар шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ маркази «Шаҳри бехатар» таъсис ёфт

Июнь 12, 2023 14:10

ДУШАНБЕ, 12.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт маркази хурди назорат ва идоракунии «Шаҳри бехатар» таъсис ёфт, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе.

Тавре иттилоъ дода шуд, дар марҳилаи аввал дар ин марказ 74 адад камераҳои назоратии босифату замонавӣ насб карда шуда, маконҳои ҷамъиятӣ зери назорату корбарии доимӣ қарор дода мешавад.

Бояд гуфт, ки амалисозии лоиҳаи «Шаҳри бехатар» давоми чанд соли охир, ҷиҳати пешгирии қоидавайронкуниҳои ҳаркат дар роҳ, ошкору дастгиркунии афроди ҷиноятпеша ва таъмини бехатариву амнияти шаҳрвандон мусоидат намуда, то андозае пеши роҳи бетартибиро дар ҳудуди пойтахт гирифтааст. Ин аст, ки лоиҳаи мазкур таҳти назорати бе воситаи роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ қарор дошта, зина ба зина такмил ёфта истодааст.

Лоиҳаи «Шаҳри бехатар» минбаъд низ такмил ёфта, дар марҳилаи навбатӣ тамоми маконҳои ҷамъиятии шаҳри Душанбе бо камераҳои бо сифат таҷҳизонида шуда, дар шуъбаи корҳои дохилии ҳар як ноҳия чунин марказҳои хурди назоратбарӣ таъсис дода мешавад.

АКС: Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе

Июнь 12, 2023 14:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкории амниятиро барои муқовимат ба таҳдидҳо тақвият мебахшанд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми Осиё ва Уқёнуси Ором дар Филиппин иштирок намуд
Дар Кӯлоб ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор гардид
ҲАР АМАЛИ НОДУРУСТ ҶАВОБГАРӢ ДАР ПАЙ ДОРАД! Дар Душанбе паҳнкунандагони доруи психотропии «Прегабалин» дастгир шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Вена дар конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бо қаллобӣ иштирок дорад
Дар Вена ҳамкории Тоҷикистон ва Британияи Кабир дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ баррасӣ гардид
14 МАРТ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА. Бо назардошти вазъи геополитикии ҷаҳон дар назди кормандони он масъулияти баланд меистад
Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон ва Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ оид ба омодагӣ ба даъвати баҳории соли 2026 ба хизмати ҳарбӣ доир гардид
Нозирони мизҳои ҳарбӣ дар шаҳри Бохтар ба машғулияти такмили ихтисос фаро гирифта шуданд
Дар Хатлон ҳамкории милитсия, омӯзгорон ва волидайн дар самти пешгирии ҷинояткорӣ байни ноболиғон тақвият меёбад
Ташаккул ва рушди фарҳанги киберамният дар низоми таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад