Гимназияи №74-и шаҳри Душанбе ғолиби озмуни «Нозирони навраси ҳаракат дар роҳ» гардид

Июнь 2, 2023 09:29

ДУШАНБЕ, 02.06.2023 /АМИТ «Ховар»/. Аз 28-уми май то 1-уми июни соли равон, дар Осоишгоҳи «Шоҳамбарӣ»  аз ҷониби Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявии «Нозирони навраси ҳаракат дар роҳ» баргузор гардид, ки дастаи гимназияи №74-и шаҳри Душанбе-ғолиби озмун дониста шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар  Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе хабар доданд.

Дар маросими кушодашавии он роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ, Раёсати БДА, дастаҳои иштирокчии озмун ва намояндагони васоити ахбори омма иштирок намуданд.

Иброз гардид, ки дар партави сиёсати хирадмандонаву созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ватани мо ба пешравию дастовардҳои нав ба нав ноил гардида, рӯз то рӯз ободу зебо шуда истодааст. Ҳамасола бо дастгирии роҳбарияти ВКД озмуни ҷумҳуриявии «Нозирони навраси ҳаракат» гузаронида мешавад.

Масъулин ҳадаф аз гузаронидани Озмуни ҷумҳуриявии «Нозирони навраси ҳаракат дар роҳ»-ро пеш аз ҳама дар пешгирии ҳодисаҳои роҳу нақлиёт бо иштироки кӯдакону наврасон, дар сатҳи баланд ба роҳ мондани корҳои ташвиқотиву тарғиботӣ, риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ дар муассисаҳои миёнаи таҳсилоти ҳамагонӣ ва муассисаҳои томактабӣ, фаъолияти мунтазами дастаҳои «Нозирони навраси ҳаракат» дар шаҳру навоҳии мамлакат ва дӯстиву муҳаббати иштирокчиёни Озмун унвон карданд.

Дар озмуни имсолаи ҷумҳуриявии «Нозирони навраси ҳаракат» 6 даста: Гимназияи №74 шаҳри Душанбе, Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1 шаҳри Конибодоми вилояти Суғд, МТМУ №7 шаҳри Хоруғи ВМКБ, МТМУ №7 шаҳри Турсунзода, МТМУ №2 ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон ва МТМУ №1 ноҳияи Рашт иштирок намуданд.

Иштирокчиён аз рӯйи намудҳои «Азназаргузаронии сафороӣ», «Донишмандони қоидаҳои ҳаракат дар роҳ», «Дарси кушод», «Чархи амонӣ», «Танзимгари наврас», «Малакаи касбӣ» ва дигар бахшҳои озмун миёни ҳам қувваозмоӣ намуда, дар ҷамъбаст бо гирифтани холи аз ҳама баланд, яъне 74,73 дастаи Гимназияи №74 шаҳри Душанбе ғолиби мутлақи озмун дониста шуд. Ғолибон бо туҳфаҳои арзишманд қадрдонӣ гардиданд.

АКС: Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе

Июнь 2, 2023 09:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба тамоюлҳои рушди психологияи муосир ва татбиқи он дар низоми таҳсилоти рақамӣ конференсияи байналмилалӣ доир шуд
«ИЛМ – ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Барои баргузории ин озмуни ҷумҳуриявӣ зиёда аз 9 миллион сомонӣ ҷудо гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳадяи китоб ҳамоиш доир гардид
Бахшида ба «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» дар Душанбе конференсияи илмӣ доир шуд
Дар оянда дар маҳали Донишкадаи инноватсионии Душанбе шаҳраки донишҷӯён сохта мешавад
РУШДИ САНОАТИ ФАРМАТСЕВТИИ ВАТАНӢ. Дар Парки технологии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз пӯсти меваи анор дору тайёр мекунанд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Филиали Донишгоҳи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе соҳиби ду таҷҳизоти лабораторӣ аз фанни физика гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва King’s College London Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Дар Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур дар шаҳри Душанбе шумораи донишҷӯён меафзояд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар назди филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе Шурои диссертатсионии байнидавлатӣ таъсис дода шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 Донишгоҳи миллии Тоҷикистон барои фаъолсозии 12 ихтисоси нав иҷозатнома гирифт
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб синфхонаҳои таълимӣ ва озмоишгоҳ ба номи омузгорону донишмандони варзида гузошта шуданд