Гурӯҳи намояндагони институтҳои иёлати Панҷоби Ҳиндустон аз Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дидан намуд
ДУШАНБЕ, 17.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. 14 июн гурӯҳи намояндагони институтҳои иёлати Панҷоби Ҳиндустон таҳти роҳбарии доктор Канвал Наин Сингх Канг бо мақсади роҳандозии ҳамкорӣ ва шиносоӣ аз Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дидан намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишгоҳи технологӣ хабар медиҳад.
Ба меҳмонон оид ба сохтори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ва дастовардҳои он дар самти лоиҳаҳои байналмилалӣ маълумоти мушаххас дода шуд.
Ҷонибҳо ҷиҳати роҳандозии ҳамкории дуҷониба дар асоси ба имзо расонидани созишномаи ҳамкорӣ бо донишкадаҳои иёлати Панҷоб ибрози андеша намуданд.
Намояндаи Ҳиндустон ҷиҳати дар оянда ба роҳ мондани барномаи мубодилаи академӣ барои омӯзгорон, донишҷӯён ва муҳақиқони Донишгоҳи технологии Тоҷикистон таклиф пешниҳод намуд.
Ҳамчунин меҳмонон аз маркази технологияҳои иттилоотӣ, китобхонаи илмӣ ва коргоҳ-озмоишгоҳи таълимӣ-дӯзандагии Донишгоҳ аз наздик шинос шуданд.
Ҷонибҳо ба мувоифиқа расиданд, ки дар оянда ёддошти тафоҳуми тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расонанд.
АКС: Донишгоҳи технологии Тоҷикистон








35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ 10 муассисаи томактабӣ бунёд мегардад
Маорифчиёни ноҳияи Шоҳмансур Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар сатҳи баланд таҷлил намуданд
МАСЛИҲАТ БА ДОВТАЛАБ. Ҳангоми интихоби касб довталаб бояд бештар дониш ва истеъдодашро ба назар гирад
Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб конференсияи илмӣ-назариявӣ доир гардид
Барои пурсамар гузаронидани давраи таътил ба хонандагон мутолиаи кадом китобҳо тавсия дода мешавад?
НАВРӮЗ — ЭҲЁГАРИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд






