Имрӯз дар Душанбе Форуми сармоягузории Тоҷикистон ва Корея баргузор мегардад

Июнь 19, 2023 08:21

ДУШАНБЕ, 19.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. 19 июн дар шаҳри Душанбе Форуми сармоягузории Тоҷикистон ва Корея баргузор мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Ҳадаф аз баргузории Форум ҷалби сармоягузорон ва соҳибкорони Корея ба иқтисоди Тоҷикистон ва ҳамкорӣ намудан дар соҳаҳои гуногуни сармоягузорию иқтисодӣ мебошад.

Дар доираи Форуми мазкур вохӯрии дуҷониба дар сиғаи соҳибкор бо соҳибкор (B2B) баргузор шуда, инчунин имзои санадҳои ҳамкорӣ байни доираҳои сармоягузорию соҳибкории Тоҷикистон ва Корея дар назар аст.

Ҳайати соҳибкорону сармоягузорони Корея дар ҳошияи Форум бо мақсади шиносоӣ бо фазои сармоягузорӣ дар Тоҷикистон аз минтақаҳои саноатии мамлакат ва дигар лоиҳаҳои татбиқшаванда, инчунин аз мавзеъҳои тарихию фарҳангӣ боздид менамояд.

АКС аз манбаъҳои боз

Июнь 19, 2023 08:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар намоишгоҳи «Ҳафтаи байналмилалии сабз» дар шаҳри Берлини Олмон иштирок дорад
ФЕСТИВАЛИ АНОРПАРВАРОН. Чӣ бояд кард, то дар бозорҳо анори тоҷикӣ фаровон гардад?
Фурудгоҳҳои байналмилалии Душанбе, Бохтар ва Кӯлоб навсозӣ мешаванд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Покистон дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат густариш меёбад
Данғара – Гулистон — аввалин роҳи мошингарди Тоҷикистон, ки бо тарҳи «роҳҳои сабз» навсозӣ мешавад
Беш аз 22 фоиз сармоягузории ба рушди Шабакаи нақлиётии АвруОсиё равонашуда ба кишварҳои Осиёи Марказӣ рост меояд
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ доир мегардад
Ҳамкории Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо дар соҳаи энергетика ва захираҳои об густариш меёбад
Татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар самти энергияи барқароршаванда байни Тоҷикистон ва Ҳиндустон баррасӣ шуд
ИСЛОҲОТ ДАР НИЗОМИ ИҶОЗАТДИҲӢ. Тоҷикистон фазои маъмуриро барои соҳибкорону сармоягузорон мусоидтар намуд
Дар Тоҷикистон кадом бахши кишоварзӣ аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ пурра озод мебошад?
Лоиҳаи «Барномаи давлатии рушди инноватсионии соҳаи пахтакорӣ барои солҳои 2026-2030» таҳия мегардад