ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ БЕХАТАРИИ МАҲСУЛОТИ ОЗУҚАВОРӢ. Танҳо як ҳолати назарногири риоя накардани ин талабот боиси сар задани бемориҳо ва марги инсонҳо мешавад
ДУШАНБЕ, 07.06.2023 /АМИТ «Ховар»/. Таъмини бехатарии маҳсулоти озуқаворӣ равандест, ки аз саҳро оғоз гардида, то ба дастархони хонаводаҳо расидани маҳсулоти озуқаро дар бар мегирад. Ҳама марҳалаҳои ин раванди мураккаб — шинонидану парвариш кардани тухми зироатҳо ва ҷамъоварии ҳосил, то тайёр намудану нигаҳдорӣ кардан ва барои истеъмол пешниҳод шудани маҳсулоти озуқаворӣ талаботи хоси худро дорад. Ёдоварӣ дар ин хусус ба Рӯзи умумиҷаҳонии бехатарии маҳсулоти озуқаворӣ, ки бо ташаббуси Ташкилоти озуқаворӣ ва маҳсулоти кишоварзии Созмони Миллали Муттаҳид (Food and Agriculture Organization, FAO) ҳамасола 7 июн қайд мегардад, рабт дорад.
Агар дар ташкилоти соҳавии Созмони Милали Муттаҳид оид ба таъмини бехатарии маҳсулоти хурокворӣ танҳо соли 2019 қарор қабул шуда бошад, пас дар мамлакати мо, соли 2017, дар маҷлиси Ҳукумат Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ворид шудани маҳсулоти пастсифат ва зараровар ба саломатии шаҳрвандон изҳори нигаронӣ карда, пешниҳод намуданд, ки ҷиҳати таъмини бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ сохтори алоҳидаи назоратӣ: Кумитаи бехатарии озуқаворӣ дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шавад.
Зимнан, таъмини амнияти озуқаворӣ ва мутаносибан таъмини бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ ҳанӯз аз солҳои аввали истиқлоли Ватан ҳамчун ҳадафи муҳими стратегӣ қабул гардидааст ва дар ин раванд аз тарафи Ҳукумати мамлакат барномаҳои мушаххас дар ҳаёт татбиқ карда мешаванд.
Дар баробари ҳамин эълон шудани 7 июн ҳамчун Рӯзи умумиҷаҳонии бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ далолат ба ин мекунад, ки таъмини бехатарии маҳсулоти хурокворӣ аз муносибати ҳар як шахс вобаста мебошад.
Ба ифодаи дигар, амнияти озуқаворӣ ва бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ ду мафҳуми аз ҳам ҷудонашаванда аст; танҳо як ҳолати назарногири риоя накардани талаботи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ метавонад боиси сар задани бемориҳо гардад. Дар навбати худ, як ҳодисаи хурди риоя накардани талаботи бехатарии хӯрокворӣ дар гузаргоҳи сарҳадӣ ва ё нуқтаи гумрукӣ ба иқтисодиёту тиҷорати соири мамлакатҳои ҳамсоя метавонад таъсири манфӣ расонад. Он бемориҳое, ки аз риоя нашудани талаботи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ пайдо мешаванд, дар пайи худ оқибатҳои ногувор доранд. Дар сатҳи ҷаҳонӣ ба чунин ҳодисаҳо вокуниши фаврӣ ва ҷиддӣ нишон дода мешавад. Зеро, бемориҳое, ки аз риоя нашудани талаботи бехатарии маҳсулоти хурокворӣ пайдо мешаванд ба тамоми аҳли ҷомеа, хусусан ба саломатии кӯдакони то синни 5-сола таъсиргузор мебошанд.
Бараъкс, агар талаботи бехатарии маҳсулоти озуқаворӣ таъмин карда шавад, он замон савдо ва тиҷорат рушд меёбад, аҳолӣ ҳар чӣ бештар ба шуғли доимӣ фаро гирифта мешавад ва мутаносибан, сатҳи камбизоатӣ камтар мешавад.
Таъмини бехатарии маҳсулоти хурокворӣ ҳамчунин боис ба рушди иқтисод, тақвияти бештари бахши кишоварзӣ, воридшавии осони деҳқонон ба бозорҳо, ҷалби сайёҳон мегардад. Риояи талаботи бехатарии маҳсулоти хурокворӣ ба тандурустӣ ва саломатии комили сокинони мамлакат таъсири мустақим мерасонад. Беҳуда нест, ки мавзӯи имсолаи Рӯзи умумиҷаҳонии бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ — риояи стандартҳои маҳсулоти хурокворӣ эълон шудааст.
Тавре ки омор гувоҳӣ медиҳад, ҳар сол ҳар шахси даҳуми сайёра пас аз истеъмоли хӯроки пастсифат ба касалии меъда гирифтор мешудааст. Ба ифодаи дигар, ҳар сол наздик ба 600 миллион ҳодисаи гирифор шудан ба бемории меъда ба асари истеъмоли хўроки пастсифат ба қайд гирифта мешавад, ки чунин ҳолат ҳам ба инсоният ва ҳам ба иқтисоди ҷаҳонӣ зарбаи ҳалокатовар мезанад.
Мувофиқи маълумоти мавҷуда аз истеъмоли маҳсулоти озуқавории заҳролудшуда ва ё маҳсулоти хурокворие, ки бо микроорганизмҳо ва ё элеметҳои кимиёвӣ омехта шудаанд, 420 000 ҳазор одамон ба ҳалокат мерасанд. 40 фоизи бемориҳои меъда ба кӯдакони то синни 5 — сола рост меояд ва мутаассифона ин бемориҳо ҳар сол ҳаёти 125 000 ҳазор кӯдаконро бо худ мебаранд. Бинобар ҳамин риояи стандартҳои маҳсулоти хурокворӣ кафолати бехатарии он озуқаест, ки дар дасторхони мост ва мо онро истеъмол мекунем.
Тавре ки ба мо масъули Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Амирхуҷа Сангов иттилоъ дод, Кумита мазкур фаъолияти худро дар асоси муқаррароти Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи байторӣ», «Дар бораи зотпарварӣ», «Дар бораи карантин ва муҳофизати растаниҳо», «Дар бораи тухмипарварӣ», «Дар бораи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ», «Дар бораи амнияти озуқаворӣ» ба роҳ монда, ҷиҳати таъмини бехатарии маҳсулоти озуқаворӣ, ҳифзи солимии аҳолӣ, ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва ҳуқуқи истеъмолкунандагон як қатор корҳои муҳимро ба самар расониданд. Аз ҷумла, аз тарафи масъулони Кумита ҳар сол бо мақсади эмин нигоҳ доштани вазъи боэътимоди эпизоотӣ, таъмини саривақтии чорабиниҳои зиддиэпизоотӣ, барҳам задани манбаҳои эҳтимолии сироят маводҳои байторӣ — ваксинаҳо бар зидди бемории сӯхтанӣ, вабои сумдард, тоуни чорвои хурди шохдор, брутселлёзи чорво, тоуни паранда, ҳорӣ, гули моли майда, маводи ташхисии касалии сил, маводи дератизатсионӣ, маҳлули формалин дастрас ва зимни эмгузаронӣ ва чораҳои пешгирӣ истифода карда мешаванд.
Давоми соли гузашта аз ҷониби мутахассисони Озмоишгоҳҳои таъмини бехатарии озуқаворӣ дар бозорҳои истеъмолии ҷумҳурӣ ташхисҳои маҳсулоти озуқаворӣ гузаронида шуда, аз ин ҳисоб тибқи талаботҳои байторию беҳдоштӣ маҳсулотҳои ба истеъмол ҷавобгӯ набуда, аз қабили 62 478 кг. маҳсулоти гӯштӣ, 11 278 кг. (литр) маҳсулоти ширӣ, 1 650 литр равғани растанӣ, 31 782 дона тухми паранда, 855 кг. моҳӣ, 607 кг. асал, 4 691 кг. маҳсулотҳои намакин, 6 101 кг. меваи хушк, 123 081 кг. меваю сабзавот ва 16 482 кг. маҳсулоти полезӣ, ҳамчун маҳсулоти бесифат ва хавфнок муайян карда, аз фурӯш боздошта шуда, нобуд карда шудаанд.
Тавре ки дар боло иброз гардид, новобаста аз он ки аз тарафи роҳбарияти олии Ҳукумати мамлакат ҷиҳати таъмини амнияти озуқаворӣ тамоми тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ карда шаванд, ҳам ҳар як шаҳрванд барои таъмини амнияти масолеҳи хурокворӣ бояд саҳмгузор бошад.
Хўрок баъд аз ҳаво ва об сеюмин талаботи инсон барои зинда монда аст. Маҳсулоти хӯрокворӣ ҳамон вақт метавонад боиси фаъол будани инсон гардад, ки агар он бехатар бошад. Агар он безарар набошад, пас одамон наметавонад ба таври шоиста зиндагӣ дошта бошанд, агар хурокворӣ бехатар набошад пас он хурокворӣ буда наметавонад.
Акрам САНГЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз