ҲИСОББАРОБАРКУНИИ ҒАЙРИНАҚДӢ. Дар «Амонатбонк» оид ба иҷрои Фармони Президенти Тоҷикистон брифинги матбуотӣ баргузор шуд

Июнь 24, 2023 18:40

ДУШАНБЕ, 24.062023 /АМИТ «Ховар»/. Ҷиҳати омода намудани инфрасохтори зарурӣ барои пардохти ғайринақдии андозҳо ва боҷҳои давлатӣ барои додани иҷозатномаҳо, ҷаримаҳо, маблағи суғуртаи ҳатмӣ, хизматрасониҳои коммуналӣ ва намудҳои дигари хизматрасонии давлатӣ, дар филиалҳо, марказҳои хизматрасонии бонкӣ ва биноҳои нозироти андоз дар маҷмуъ 853 адад, аз ҷумла 820 дар филиалҳои «Амонатбонк» ва 33 адад дар нозироти андоз постерминалҳо насб карда шудааст.

Дар ин хусус раиси Корхонаи воҳиди давлатии Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» Сироҷидин Икромӣ дар брифинги матбуотӣ ба намояндагони воситаҳои ахбори оммаи дохил ва хориҷи мамлакат иттилоъ дод.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, Сироҷиддин Икромӣ афзуд, ки «Амонатбонк» ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ», ки 22 июни соли 2023 ба имзо расид, чораҳои таъхирнопазиру зарурӣ меандешад. Таъкид шуд, ки қабулии Фармони мазкур аз Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Парулмони мамлакат маншаъ мегирад. Фармон саривақтӣ ва муҳим буда, барои таъмини шаффофияти амалиётҳои молиявӣ, ғанӣ гардонидани буҷети давлатӣ, пешгирии омилҳои коррупсионӣ ва коҳиши таъсири омилҳои инсонӣ заминаи мустаҳкам мегузорад. Инчунин гузариш ба низоми пардохтҳои ғайринақдӣ талаботи аҳолиро ба пули нақд коҳиш дода, навбатпоиро дар назди банкоматҳо ва хазинаҳои ташкилотҳои қарзии молиявӣ барои гирифтани пули нақд аз байн мебарад ва боиси сарфаи вақту хароҷоти иловагии аҳолӣ мегардад.

«Агар қаблан дар 372 нуқта қабули маблағҳои андоз ва пардохтҳои ҳатмӣ иҷро мегардид, имрўз имконияти дар 853 нуқта анҷом додани чунин хизматрасониҳо пайдо шудааст, яъне ҳама марказҳои хизматрасонии бонкӣ ва филиалҳои «Амонатбонк» барои анҷом додани хизматарсониҳои ғайринақдӣ бо истифода аз кортҳои миллии низоми пардохти миллии «Корти миллӣ» омода ҳастанд», -афзуд Сироҷиддин Икромӣ.

Гуфта шуд, ки шахсони воқеӣ ва соҳибкорон метавонанд 11 намуд андоз ва зиёда аз 300 намуд пардохтҳои ҳатмиро дар шабакаи «Амонатбонк» анҷом диҳанд.

Барои идора намудани равандҳои марбут ба ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ ва ҳамгироӣ бо вазорату идораҳо барномаи нави «Фронт-офис» тарҳрезӣ ва мавриди истифода қарор дода шуд.

Ҳар як вазорату идора ва ташкилотҳои давлатӣ метавонад аз утоқи шахсӣ дар барнома истифода бурда, тамоми пардохтҳои ба манфиатионҳо қабулшударо назорат намояд.

«Амонатбонк» татбиқи лоиҳаи пардохтҳои ғайринақдии давлатиро аз даҳаи сеюми моҳи март оғоз намуда, то имрўз тавассути постерминалҳо беш аз 275 миллион сомонӣ маблағҳои андоз, пардохтҳои ҳатмӣ ва коммуналиро қабул намуда ба буҷаи ҷумҳурӣ интиқол додааст.

Барои таъмини фаврият ва хизматрасонии саривақтӣ ба мизоҷон «Амонатбонк» кортҳои беноми «Фарогир»-ро ба миқдори 164 ҳазор адад интишор намуда, ба мизоҷон дастрас карда истодааст. Мизоҷон бо истифода аз кортҳои мавҷудаи худ метавонанд ба таври ғайринақдӣ пардохтҳоро анҷом диҳанд.

Дар ташкилоту муассисаҳои давлатӣ 237 адад ва дар бахши хусусӣ 620 адад постерминалҳо насб карда шудааст, ки гардиши ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ тавассути онҳо дар нуқтаҳои савдо ва хизматрасонӣ ба ҳолати 20 июни соли равон 23,6 миллион сомониро ташкил медиҳад, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 28,4% афзоиш ёфтааст.

Ба ҳолати 22 июни соли ҷорӣ шумораи умумии нуқтаҳои савдо ва хизматрасонӣ, ки дар онҳо QR-рамз насб шудааст ба 1095 адад ва барои шахсони воқеӣ 1 422 адад расида, дар ин давра шумораи амалиётҳо 5700 адад ва гардиши онҳо 1 225,4 ҳазор сомониро ташкил намуд.

Раиси «Амонатбонк» иброз намуд, ки бо мақсади тавсеа ва тақвияти хизматрасониҳои фосилавӣ дар замимабарномаи «Амонатмобайл» низ имконияти анҷом додани 11 намуди пардохти андозҳо ва хизматрасониҳои коммуналӣ татбиқ шуда, дар ин давра шумораи умумии истифодабарандагони барномаи мобилӣ 384 433 адад ва гардиши маблағҳо 1 303 140 203 сомониро ташкил намуд. Маҳсулоти дигари бонкӣ, ки ба рушди хизматрасониҳои фосилавӣ ва фаврии мизоҷон такон мебахшад ин Интернетбонкинг барои шахсони ҳуқуқӣ мебошад. Пайвасткунии бомароми ташкилоту муассисаҳои давлатӣ роҳандозӣ шуда, айни ҳол 7 919 адад корхонаҳо ва ташкилотҳои ҷумҳурӣ ба он пайваст гардидаанд.

Бо дахли баланд бардоштани маърифати молиявии аҳолӣ Сироҷиддин Икромӣ такид намуд, ки сардорони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказии «Амонатбонк», ки сарпарастони филиалҳои Бонк мебошанд, ба шаҳру навоҳии мамлакат сафарбар гардида, дар ҳамкории бевосита бо мақомоти маҳалии ҳокимияти давлатӣ бо иштироки доираи васеи сохторҳои давлатӣ, фаъолони ҷамоатҳои шаҳру деҳот, раисони маҳалаҳо, роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ, зиёиён ва дигар табақаҳои аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳиро ҷиҳати баланд бардоштани маърифати молиявии аҳолӣ дар самти ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ ва хизматрасониҳои фосилавӣ дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ корҳои фаҳмондадиҳиро роҳандозӣ намуданд.

Инчунин Маркази протсессингии низоми пардохти миллии «Корти миллӣ» ба 26 ташкилоти қарзӣ хизматрасонӣ намуда, ҳамчун маркази ягонаи коркарди транзаксияҳои молиявии кортҳои миллӣ баромад менамояд.Ҷиҳати омӯзиши истифодаи воситаҳои электронии пардохтӣ (корти пардохтии бонкӣ, ҳамёнҳои электронӣ) ва воситаҳои қабули пардохтҳои ғайринақдӣ (бонкдории мобилӣ, POS-терминал, QR-рамз) тибқи нақшаи таҳиянамуда дар байни кормандони Раёсати Бонк, филиалҳо ва марказҳои хизматрасонии бонкӣ, инчунин донишҷӯёни донишгоҳҳои олии мамлакат аз ҷониби Бонк дарсҳои иқтисодӣ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шудаанд. Ҳамзамон бо ҷалби волонтёрон тарғибу ташвиқи пардохтҳои ғайринақдӣ дар байни аҳолӣ роҳандозӣ гардида истодааст.

Иловатан, аз ҳисоби кормандони масъули Бонк гурӯҳҳои корӣ ташкил гардида шуруъ аз моҳи май ба шаҳру ноҳияҳо сафарбар гардидаанд, то ин ки тартиби гузаронидани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдиро ба мардум фаҳмонида, мушкилотҳои ҷойдоштаро бартараф намоянд.

Сироҷидин Икромӣ ба саволҳои хабарнигорон посух гуфта, иброз дошт, ки дар радифи таблиғу ташвиқи хизматрасониҳои ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ дар воситаҳои ахбори оммаи мамлакат, дар саҳифаҳои «Амонабонк» дар шабакаҳои иҷтимоии «Фейсбук», «Инстаграм», «Телеграм» ва сомонаи расмӣ www.amonatbonk.tj фаъолият ҳамарӯза ба роҳ монда шудааст.

Маркази тамоси Бонк (1885) 24 соат фаъол буда, оид ба фаъолияти Бонк, маҳсулоти бонкӣ, шабакаи таҷҳизотҳои терминалӣ, қоидаҳои истифодабарии кортҳои бонкӣ, Амонат-мобайл, Интернетбонк ва вобаста ба мушкилиҳо ба мизоҷон роҳнамоӣ ва тавсияҳо медиҳад.

Иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ» ба тамоми вазорату идораҳо, ташкилотҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ хусусияти ҳатмӣ дорад. Дар ин росто, бояд ҳама мақомотҳои давлатӣ пойгоҳҳои иттилоотӣ ва феҳристи хизматрасониҳои худро барои ҳамгироӣ бо ташкилотҳои қарзӣ ва минбаъд равзанаи ягона омода намоянд.

Бояд гуфт, ки тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ» аз 1 августи соли 2023 пардохти андозҳо, боҷҳои давлатӣ барои додани иҷозат ва иҷозатномаҳо, пардохтҳои дигари ҳатмӣ ба буҷет, ҷаримаҳо, маблағи суғуртаи ҳатмии давлатӣ, хизматрасониҳои тиббӣ, хизматрасониҳои коммуналӣ, намудҳои дигари хизматрасониҳои давлатӣ, инчунин қабули маблағҳо аз ҷониби вазорату идораҳо ва ташкилотҳои давлатӣ тариқи ғайринақдӣ амалӣ карда мешавад.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: «Амонатбонк»

Июнь 24, 2023 18:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Риёз ҷаласаи чоруми Кумитаи муштараки Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ доир гардид
Дар шаҳри Кӯлоб филиали «Саноатсодиротбонк» ифтитоҳ гардид
Таҷрибаи Ҷумҳурии Корея оид ба истифодаи технологияҳои ҳушманд дар соҳаи кишоварзӣ дар ноҳияҳои Тоҷикистон баррасӣ гардид
Вазири энергетикаи Тоҷикистон дар Риёз дар чорабинии канорӣ оид ба диверсификатсияи манбаъҳои энергия иштирок намуд
Конфронси 28-уми байналмилалии сармоягузорӣ дар шаҳри Риёзи Подшоҳии Арабистони Саудӣ ба анҷом расид
Дар шаҳри Риёз ҳамоиши доираҳои тиҷоратию сармоягузории Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ баргузор гардид
Байни Вазорати кишоварзии Тоҷикистон ва Вазорати муҳити зист, об ва кишоварзии Подшоҳии Арабистони Саудӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ҚУРБИ АСЪОР: дар Тоҷикистон 1 евро аз 11.2296 то 11.0800 сомонӣ муқаррар шудааст
Ҳамкории мақомоти мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон ва Қатар таҳким меёбад
Ҳайати Тоҷикистон дар Тайиланд масъалаи густариши сармоягузорию тиҷорат ва таҳкими муносибатҳои иқтисодиро баррасӣ намуд
Дар Форуми иқтисодии СПЕКА-2024 масъалаҳои мубрами рушди «сабз» баррасӣ шуданд
«Digital Tajikistan». Форуми байналмилалӣ дар Тоҷикистон ба рушди инноватсия ва иқтисоди рақамӣ мусоидат мекунад