Мариус Визер: «Масъалаи дар оянда баргузор намудани Чемпионати ҷаҳон оид ба ҷудо дар Тоҷикистон баррасӣ гардид»

Июнь 1, 2023 11:20

ДУШАНБЕ, 01.06.2023 /АМИТ «Ховар»/.  «Барои ман имконияти вохӯрӣ бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мояи хушнудӣ ва шарафмандии бузург буд», — гуфт пас аз вохӯрӣ бо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Федератсияи байналмилалии ҷудо Мариус Визер.

«Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳолии хеле ҷавон  ва аз ҷониби дигар насли навраси бузург дорад, ки ин барои ояндаи мамлакат бисёр арзиши бебаҳо дорад», — таъкид намуд Мариус Визер.

Ба гуфти ӯ, «имрӯз инноватсия ва технологияи нав барои рушди ҷомеа нақши бузург бозида истодаанд. Ҷомеаи ҷавони Ҷумҳурии  Тоҷикистон барои шумо тавассути ин технология ва инноватсияҳо ояндаи бузургеро метавонад таъмин намояд».

«Ман аз натиҷаи мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бисёр таассуроти хуб бардоштам. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тарбия ва таълими ҷавонон тавассути варзиш корҳои наҷиберо ба анҷом расонида истодааст. Аз ҷониби дигар, мо оид ба Гран-прии Душанбе муколамаи хеле хуб доштем. Инчунин дар мулоқот масъалаи дар оянда дар Тоҷикистон баргузор намудани Чемпионати ҷаҳон оид ба ҷудо баррасӣ гардид. Агар чунин имконият пайдо шавад, ин ба  муаррифии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷалби сармоягузориҳо мусоидат мекунад. Дар доираи он форумҳои иқтисодӣ ва чорабиниҳои фарҳангӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ташкил мекунем, ки дар  пешбурди фарҳанг ва арзишҳои Тоҷикистон метавонад нақши бузург гузорад».

Президенти Федератсияи байналмилалии ҷудо Мариус Визер ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи ҷудои Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд ташкил намудани аввалин Гран-прии Душанбе-2023 изҳори сипос намуд. Ба гуфти ӯ, «Федератсияи байналмилалии ҷудо солҳои охир кумакҳои назаррас пешниҳод намуда истодааст. Имрӯз як барномаи ҷудо дар мактабҳо амалӣ намуда истодаем. Дар доираи он ба Ҷумҳурии Тоҷикистон маводи зарурӣ ва маблағҳо пешниҳод шуд, ки он инчунин иштироки варзишгарони Тоҷикистонро дар мусобиқаҳои байналмилалӣ дастгирӣ намуда истодаем. Ин кумак ва ҳамкориро бо раёсати нави Федератсияи ҷудои Тоҷикистон дар оянда низ тақвият хоҳем дод».

Мариус Визер таъкид намуд, ки «ҷудо на танҳо варзиши олимпӣ ва инчунин имконият барои роҳи нави таълими ҷавонон аст. Ин намуди варзиш ба сулҳ, ваҳдат ва ҳамбастагӣ дар тамоми ҷаҳон мусоидат мекунад».

Июнь 1, 2023 11:20

Хабарҳои дигари ин бахш

БОЗИҲОИ СОҲИЛИИ ОСИЁ-2026. Шаҳри Саняи Чин мизбони бозиҳо мегардад
Дастаи олимпии то 23-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон иштирок менамояд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозии ниҳоӣ бо дастаи яккачини Филиппин муайян шуд
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА ГӮШТИНИ ҶУДО. Дар он 13 варзишгари Тоҷикистон иштирок менамоянд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ ба муқобили дастаи яккачини Филиппин оғоз мекунад
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хоруғ мусобиқаи гӯштини миллӣ доир мегардад
Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд
Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад
Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд