Маросими ифтитоҳи Гран-прии Душанбе-2023 доир шуд
ДУШАНБЕ, 02.06.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар рӯзи аввали мусобиқаи байналмилалии Гран-прии Душанбе-2023 оид ба ҷудо ҳамчунин маросими ифтитоҳи ин чорабинии байналмилалӣ, ки бори аввал дар Тоҷикистон баргузор мешавад, доир гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи ҷудои Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар маросими кушодашавии аввалин Гран-прии Душанбе-2023 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, президенти Федератсияи байналмилалии ҷудо Мариус Визер ва президенти Федератсияи ҷудои Тоҷикистон Исмоил Маҳмадзоир иштирок намуданд.
Муҳтарам Рустами Эмомалӣ зимни суханронӣ изҳор доштанд, ки «варзиш воситаи ба ҳам пайвастани халқу миллатҳои гуногун дар ҳаёти инсон мебошад. Дар мамлакати мо ба масъалаи рушди варзиш ҳамчун воситаи муассир ва муҳими тарғиби тарзи ҳаёти солим, беҳбуди саломатии аҳолӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад. Бояд таъкид намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз солҳои аввали фаъолият то имрӯз барои рушди варзиши тоҷик ва муаррифии он дар арсаи байналмилалӣ тамоми шароити заруриро фароҳам овардаанд. Натиҷаи чунин талошҳо аст, ки дар Тоҷикистон бисёре аз намудҳои варзиш, аз ҷумла ҷудо дар роҳи рушди устувор қарор дорад ва имрӯз варзишгарони мо дар арсаи байналмилалӣ мавқеи хосса пайдо намудаанд».
Тазаккур дод шуд, ки аз оғози соли 2023 то имрӯз аз ҷониби Федератсияи ҷудои Тоҷикистон 4 мусобиқаи дохилӣ ва 8 ҷамъомади таълимию тамринӣ дар дохил ва хориҷи мамлакат баргузор шудааст. 11 ва 12 феврали соли 2023 дар шаҳри Душанбе Чемпионати Тоҷикистон оид ба ҷудо байни калонсолон тибқи талаботи байналмилалӣ баргузор гардид. Дар ин раванд бо мақсади рушди варзиши наврасон моҳи марти соли 2023 дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки варзишгарони ҷавон Чемпионати Тоҷикистон баргузор гардид. Ҳамчунин мояи ифтихор аст, ки имсол дастаи ҷудои Тоҷикистон дар 10 мусобиқаи байналмилалӣ ширкат карда, соҳиби 10 медал, аз ҷумла, 2 медали тилло, 1 нуқра ва 7 медали биринҷӣ гардид.


«Итминон дорам, ки мусобиқаи имрӯза дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор шуда, ба тарғиби тарзи ҳаёти солим, рушди варзиш дар мамлакат, аз ҷумла ҷудо, кашфи варзишгарони ҷавону умедбахш мусоидат мекунад ва инчунин шаъну шарафи варзиши Тоҷикистонро боз ҳам баланд мебардорад. Боварӣ дорам, ки шумо тавассути варзиш ва мусобиқа ба ҷаҳон паёми қавии сулҳ, ҳамоҳангӣ ва дӯстӣ мефиристед. Дар хотима мехоҳам ҳайатҳои муҳтарамро ба Душанбе хайрамақдам гуфта, ба ҳамаи варзишгарон барор ва муваффақият таманно кунам», — иброз намуданд муҳтарам Рустами Эмомалӣ.
Президенти Федератсияи байналмилалии ҷудо Мариус Визер изҳор дошт, ки «мо ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе ва Федератсияи ҷудои Тоҷикистон барои дастгирӣ ва ташкили аввалин Гран-прии Душанбе-2023 изҳори сипос менамоям. Мо дар ин ҷо ҳастем, то ба сулҳ, ваҳдат ва ҳамбастагӣ дар тамоми ҷаҳон мусоидат кунем. Мо дар мамлакати бештари аҳолиаш ҷавон, рӯ ба рушд ва илҳомбахш барои ҷаҳон ҳастем, ки варзиш, адолат, фарҳанг, инчунин таърихи давлати шумо-мамлакати навовар ва рӯ ба рушдро тарғиб кунем. Сипос!».
Пас аз суханронии ифтитоҳӣ Суруди миллии Тоҷикистон, суруди расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо ва намоиши барҷастаи фарҳангӣ бо иштироки ҷоизадори Бозиҳои олимпӣ Расул Боқиев намоиш дода шуд.
АКС: АМИТ «Ховар»











Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон бо шарофати варзишгарон Парчами давлатӣ зиёда аз 7500 маротиба баланд бардошта шуд
«ВАРЗИШГАРОН — ПАРЧАМБАРДОРОНИ МИЛЛАТ». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои 6-уми ҳамбастагии исломӣ-2025 соҳиби ҳашт медал шуданд
ҶОМИ ОСИЁ ОИД БА ҶУДО БАЙНИ НАВРАСОН ВА ҶАВОНОН-2025. Варзишгарони тоҷик дар рӯзи якум 3 медали тилло ба даст оварданд
«ҶАВОНОН ВА ВАРЗИШГАРОН -САДОҚАТ БА ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ». Бо чунин унвон «Дав барои хушҳолӣ» баргузор гардид
Дар ноҳияи Ёвон варзишгарони ҷавон барои дастовардҳои назаррас қадрдонӣ шуданд
Парчами давлатии Тоҷикистон давоми нуҳ моҳ ба шарафи варзишгарони тоҷик зиёда аз 320 маротиба баланд бардошта шуд
Душанбе мизбони мусобиқаҳои бонуфузи қитъавӣ – Ҷоми Осиё оид ба ҷудо байни наврасон ва ҷавонон-2025 мегардад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозии даври панҷуми марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 дастаи Тимори Шарқиро мағлуб намуд
Дастаи наврасони Тоҷикистон (U-15) дар бозии санҷишӣ дастаи мунтахаби Русияро мағлуб кард
Горан Стеванович: «Мо ба шаҳри Дарвин барои ба даст овардани се имтиёз омадаем»
Варзишгари тоҷик Шаҳром Маҳмуродов дар Чемпионати ҷаҳон оид ба ҷиу-ҷитсу соҳиби медали тилло гардид






