Масатсугу Асакава: «Давоми даҳ соли оянда ҳамкории Бонки Осиёии рушд бо Ҷумҳурии Тоҷикистон боз ҳам равнақ ва тақвият хоҳад ёфт»
ДУШАНБЕ, 12.06.2023 /АМИТ «Ховар»/. «Давоми даҳ соли оянда муносибатҳои Бонки Осиёии рушд бо Ҷумҳурии Тоҷикистон боз ҳам равнақ ва тақвият хоҳад ёфт», — гуфт имрӯз пас аз мулоқот бо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Бонки Осиёии рушд Масатсугу Асакава. Дар ин хусус мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.
Ба таъкиди Масатсугу Асакава, дар мулоқот масъалаҳои ҳамкории байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии рушд баррасӣ гардид. Имсол Тоҷикистон ва Бонки Осиёии рушд 25-солагии муностибатҳои шарикиро таҷлил менамоянд.
«Дар рӯзномаи мулоқоти мо масъалаи тағйирёбии иқлим низ, ки барои Бонки Осиёии рушд самти афзалятнок маҳсуб мешавад, баррасӣ шуд. Бонк дар сатҳи ҷаҳонӣ аз соли 2019 то 2023 100 миллиард доллари амрикоӣ барои ҳалли мушкилоти тағйирёбии иқлим ҷудо менамояд. Аз ин маблағ ба Тоҷикистон низ барои паст намудани сатҳи офатҳои табиӣ, таъмин намудани инфрасохтори мамлакат барои тобоварӣ ба офатҳои табиӣ кумак хоҳем намуд», — тазаккур дод Президенти Бонки Осиёии рушд.
Масатсугу Асакава изҳор дошт, ки Бонки Осиёии рушд ҳамкориро бо бахши хусусии Тоҷикистон, ки то имрӯз дар таҷрибаи фаъолияти Бонк набуд, ба роҳ мемонад. Ҷумҳурии Тоҷикистон мамлакати ҷавон аз нуқтаи назари аҳолӣ буда, мебояд аз ин захираи бойи инсонӣ истифода ва ба рушди он сармоягузорӣ намоем.
Ёдовар мешавем, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо Президенти Бонки Осиёии рушд Масатсугу Асакава аз сатҳи ҳамкории Тоҷикистону Бонки Осиёии рушд давоми 25 соли шарикӣ, аз ҷумла аз ҷониби ин ниҳоди молиявӣ ба маблағи зиёда аз 2,5 миллиард доллари америкоӣ маблағгузорӣ шудани 180 лоиҳа дар соҳаҳои мухталифи ҷумҳурии мо изҳори қаноатмандӣ намуданд.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон / АМИТ «Ховар»








ТАЪМИНИ БОЗОРИ ДОХИЛӢ БО МАҲСУЛОТИ ҶАНГАЛ. Дар Суғд дар 540 метри мураббаъ гармхона бунёд гардид
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд






