Намояндагони Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сокинони ноҳияи Шуғнон мулоқот намуданд

Июнь 14, 2023 12:02

ХОРУҒ, 14.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. Зимни мулоқоти намояндагони мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сокинони ноҳияи Шуғнон шарҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баробарӣ ва барҳамдиҳии ҳамагуна шаклҳои табъиз» аз ҷумлаи мавзӯъҳое буд, ки дар ин ҷамъомад баррасӣ шуд, хабар медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар».

Дар мулоқот сардори шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидалӣ Бобохонзода изҳор дошт, ки дар давлати ҳуқуқбунёд қонунҳои ҳуқуқӣ нақши муҳим мебозанд.

«Вазифаи асосии ҳуқуқ ин танзими рафтори одамон, ташкилотҳо ва муносибатҳои байни онҳо мебошад. Риояи ин қоидаҳои рафтор, ки аз тарафи давлат муқаррар, қабул ва тасдиқ мешаванд, барои ҳамаи одамон ҳатмист ва набояд ба вайронкунии он роҳ дода шавад. Давлат бо тарзу шеваҳои гуногун барои одамон имконият фароҳам меорад, ки дар бораи ҳуқуқу озодиҳо ва уҳдадориҳои худ огоҳии комил дошта бошад», — афзуд ӯ.

Таъкид гардид, ки дар навбатии худ Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон муаззаф аст, ки мутобиқи қонун кафолатҳои конститутсионии ҳимояи давлатии ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, мусоидат ба риоя ва эҳтироми онҳо аз тарафи мақомоти ҳокимияти давлатӣ, роҳбарон ва шахсони мансабдор сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқиашон таъмин намояд.

Гуфта шуд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳама дар назди қонун ва суд баробаранд ва ба ҳифз аз ҳамагуна шаклҳои табъиз ҳуқуқ доранд. Ҳар касе ё гурӯҳе худро маврдиди табъиз эҳсос мекунанд, ҳуқуқ доранд, ки ба мақомоти судӣ ё мақомоти дигари давлатӣ муроҷиат намоянд. Мақомоти давлатӣ, мақомоти худидораи шаҳрак ва деҳот оид ба масъалаҳои таъмини баробарӣ ва барҳам додани ҳамагуна шаклҳои табъиз дорои салоҳият ва ваколати хос мебошанд. Ин пеш аз ҳама таъмини таҳия ва пешбурди сиёсати ягонаи давлатии зидди табъиз, бурдани корҳои миёнҷигарӣ оид ба баҳсҳои табъиз ва амсоли инҳо ба шумор мераванд.

Иттилоъ дода шуд, ки мулоқоти намояндагони Мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сокинони шаҳру ноҳияҳои вилоят идома дорад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Июнь 14, 2023 12:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд
5-6 март дар Тоҷикистон борони бошиддат пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба роҳҳои пешгирии коррупсия, терроризм ва экстремизм ҳамоиш доир шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиш доир гардид
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Дар Душанбе масоили афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ баррасӣ шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Айнӣ қариб 3000 бех ниҳол шинонида шуд
ТАҶАЛЛИБАХШИ НИГИНИ ТОҶИ МИЛЛАТ. Андешаҳо дар мавриди арҷгузорӣ ба Зан-Модар