Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши байналмилалӣ дар Чин иштирок намуд

Июнь 14, 2023 09:19

ДУШАНБЕ, 14.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. 10 июн муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Парвиз Муҳаммадзода дар ҳамоиши байналмилалӣ, ки дар Институти тадқиқоти Роҳи Абрешими Донишгоҳи шимолу ғарбии шаҳри Сиани Ҷумҳурии Мардумии Чин доир гардид, иштирок намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Маркази тадқиқоти стратегӣ.

Дар чорабинии мазкур роҳбарияти марказҳои зеҳнии Донишгоҳи шимолу ғарбии Чин, пажуҳишгарони Институти тадқиқоти Роҳи Абрешим ва Институти Осиёи Марказии Донишгоҳи мазкур, намояндагони воситаҳои ахбори омма ва дигар коршиносон иштирок намуданд.

Дар ин ҳамоиши байналмилалӣ Парвиз Муҳаммадзода сухан гуфта, нақш ва саҳми арзишманди Асосгузори сулҳу ваҳдат миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар пешбурди ҳамкории мутақобилан судманд байни Тоҷикистон ва Чин махсус таъкид намуд.

Номбурда ҳамчунин оид ба дастовардҳои 31 соли ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Чин ва муносиботи минбаъдаи ин ду давлати дӯст ибрози андеша намуд.

Изҳор гардид, ки бастаи санадҳои нави ҳамкорӣ, ки зимни сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин дар моҳи майи соли равон ба имзо расид, барои таъмини шарикиии стратегии ҳамаҷониба байни ду давлат ҳамаҷониба мусоидат менамоянд.

АКС: Хадамоти матбуотии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 14, 2023 09:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо раиси шаҳри Брюссел мулоқот намуд
Ҳамкории гуногунҷанбаи мутақобили судманди Тоҷикистону Ҷумҳурии Корея баррасӣ гардид
Сироҷиддин Муҳриддин бо Таалатбек Масадиқов мулоқот намуд
Дар Сеул мулоқоти масъулони Саммити «Осиёи Марказӣ– Ҷумҳурии Корея» баргузор гардид
Намояндаи Тоҷикистон бо мудирони ҳамиҷроияи Комиссияи байналмилалии зидди ҳукми қатл мулоқот намуд
Тоҷикистон аъзои Комиссияи СММ оид ба вазъи занон барои солҳои 2027–2031 интихоб шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишкадаи энергетикии Москва бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж Наврӯзи байналмилалиро таҷлил карданд
Сафири Тоҷикистон бо Директори Академияи дипломатии Вена мулоқот намуд
Густариши робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Австрия баррасӣ гардид
Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати расидан ба оташбас дар Ховари Миёна