ҶОМИ ОСИЁ-2023. Довари тоҷик Насрулло Кабиров бозии даври ниманиҳоӣ байни Эрон ва Ҷопонро ҳакамӣ менамояд

Июнь 29, 2023 08:55

ДУШАНБЕ, 29.06.2023 /АМИТ «Ховар»/. Насрулло Кабирови 38-сола, довари Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА) аз Тоҷикистон довари марказии бозии даври ниманиҳоии Ҷоми Осиё-2023 (U-17) оид ба футбол байни дастаҳои наврасони Эрон ва Ҷопон таъйин шуд. Дар ин хусус  АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Бозии мазкур имрӯз, 29 июн дар варзишгоҳи «Таммасат»-и шаҳри Патҳумтҳании Тайланд баргузор мешавад.

Ба Насрулло Кабиров дар хатҳо ёварони довари Федератсияи байналмилалии футбол Акмал Бӯриев аз Тоҷикистон ва Исмоилҷон Талипҷонов аз Қирғизистон кумак мерасонанд. Вазифаи довари чорумро довари Федератсияи байналмилалии футбол Аҳмад Файсал Ал-Алӣ аз Урдун иҷро мекунад. Владислав Сейтлин аз Узбекистон кори ҳайати доваронро назорат менамояд. Сардори Раёсати байналмилалии Федератсияи футболи Тоҷикистон Давлатманд Исломов ҳамчун ҳамоҳангсози кулл дар варзишгоҳи «Таммасат» фаъолият хоҳад намуд.

Бояд гуфт, ки барои Насрулло Кабирови 38-сола ин чаҳорумин бозӣ ба ҳайси довари марказӣ дар Ҷоми Осиё-2023 дар Таиланд байни дастаҳои наврасони то 17-сола хоҳад буд. Қаблан довари мо бозиҳои марҳилаи гурӯҳӣ: Ҳиндустон – Ветнам (1:1), Малайзия – Лаос (2:1) ва Ҷопон – Ҳиндустон (8:4)-ро ҳакамӣ карда, дар вохӯрии Афғонистон – Кореяи Ҷанубӣ (8:4) ва рақобати чорякниҳоӣ миёни Эрон – Яман (0:0, аз руйи пеналти – 4:2) ба ҳайси довари эҳтиётӣ адои вазифа намуд.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Июнь 29, 2023 08:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Parimatch Tajikistan ва дастаи футболи «Истаравшан» ҳамкории муштаракро оғоз карданд
Ғолибони даври якуми Чемпионати Тоҷикистон-2026 оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд
Дар ноҳияи Ёвон ғолибони мусобиқаи байналмилалӣ аз рӯи гӯштини ҷудо қадрдонӣ карда шуданд
PARIMATCH TAJIKISTAN ва КФ «Хуҷанд» оғози шарикии бузургро эълон карданд
Бозии дӯстона байни дастаҳои мунтахаби занонаи Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ мусовӣ анҷом ёфт
ҶОМИ ҶАҲОН ОИД БА БОКС. Аз Тоҷикистон дар ин мусобиқа даҳ варзишгар иштирок мекунад
Дар ноҳияи Данғара фестивали бозиҳои миллӣ бо шукуҳи хосса баргузор шуд
Лигаи футболи Тоҷикистон дар остонаи мавсими нав барои комиссарон семинари омӯзишӣ баргузор кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футболи электронӣ нахустин маротиба дар мусобиқаи FIFAe Nations League иштирок мекунад
Дастаи миллии занонаи Тоҷикистон оид ба футбол бо тими Амороти Муттаҳидаи Арабӣ ду бозии дӯстона доир мекунад
Дастаи миллии занонаи Тоҷикистон оид ба футбол дар Душанбе ба машқҳои дастҷамъона фаро гирифта шуд