Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз нишондиҳандаи содироти асал ва тамоюли коҳишёбии он изҳори нигаронӣ намуданд

Июнь 21, 2023 16:00

ДУШАНБЕ, 21.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. 20 июн дар ноҳияи Ховалинг зимни суханронӣ дар семинар-машварти занбуриасалпарварӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нишондиҳандаи содироти асал ва тамоюли коҳишёбии он изҳори нигаронӣ намуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Сарвари давлат иброз доштанд, ки асали Тоҷикистон дар намоишгоҳҳои зиёди байналмилалӣ бо дарназардошти сифати баланд, таъми хуш ва аз лиҳози экологӣ тоза буданаш сазовори ҷоизаҳо гардидааст. Рушди соҳа ва афзоиши истеҳсоли асал имконият дод, ки дар пойтахти мамлакатамон – шаҳри Душанбе ва дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ мағозаҳои зиёди фурӯши асал ва маҳсулоти занбӯриасалпарварӣ ташкил карда шуда, ин намуди маҳсулот ба шаҳрвандон ва меҳмонон мунтазам дастрас гардад.

Президенти мамлакат таъкид намуданд, ки ҷиҳати ба роҳ мондани содироти асал дар ҳамкорӣ бо Маркази байналмилалии савдо зиёда аз сад намунаи асали Тоҷикистон аз озмоишгоҳҳои дорои аккредитатсияи байналмилалии давлати Олмон аз ташхиси лабораторӣ гузашта, бинобар мусбат арзёбӣ гардидани сифати онҳо ба бозори давлатҳои Иттиҳоди Аврупо роҳ ёфтаанд.

Вале, ба таъкиди Пешвои миллат, нишондиҳандаи содироти асал то ҳол ночиз мебошад ва тамоюли коҳишёбӣ дорад. Аз ин лиҳоз, ба Кумитаи бехатарии озуқаворӣ, Агентии «Тоҷикстандарт» якҷо бо Вазорати кишоварзӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо супориш дода шуд, ки барои ташкили озмоишгоҳи миллии дорои аккредитатсияи байналмилалӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Ҳамчунин, вазоратҳои кишоварзӣ, саноат ва технологияҳои нав, Агентии содирот якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дастур гирифтанд, ки ҷиҳати зиёд намудани ҳаҷми содироти асал ва дигар намудҳои маҳсулоти занбӯриасалпарварӣ чораҷӯӣ намоянд.

Вобаста ба ин, вазорату идораҳои марбута муваззаф шуданд, ки барои ташкил намудани раванди пухта гардонидани асали ба содирот нигаронидашуда дар корхонаву коргоҳҳои коркард ва бастубанди асал корҳои амалиро ба роҳ монанд.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»

Июнь 21, 2023 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад
Ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Душанбе мизбони Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ мегардад
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»