Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар маросими ҷоизасупории Мусобиқаи «CAFA Nations Сup-2023» иштирок намуданд

Июнь 21, 2023 11:14

ДУШАНБЕ, 21.06.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Тошканд Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар маросими ҷоизасупории Мусобиқаи Ҷоми миллатҳои Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ «CAFA Nations Сup-2023», ки дар он мунтахаби Эрон пирӯз шуд, иштирок намуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар бозии финалӣ мунтахаби Эрон бар яккачини Узбекистон бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуд. Дар бозӣ барои ҷойи сеюми мусобиқаи «CAFA Nations Cup-2023» мунтахаби Уммон бар мунтахаби Қирғизистон бо ҳисоби 1:0 ғалаба карда, медалҳои биринҷӣ ба даст овард.

Дар натиҷаи мусобиқа ҷоизаи «Fair Play» ба тими миллии Узбекистон супорида шуд. Ҷоизаи беҳтарин нишонзани мусобиқа ва беҳтарин бозингарро ҳамлагари эронӣ Меҳди Торемӣ (6 гол) ба даст овард. Беҳтарин дарвозабони мусобиқа дарвозабони тими миллии Уммон Иброҳим Солеҳ Ал-Муҳайнӣ дониста шуд.

 

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Июнь 21, 2023 11:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Бозиҳои Осиё дар иншооти пӯшида ва ҳунарҳои размӣ дар Арабистони Саудӣ баргузор мегарданд
БОЗИҲОИ 4-УМИ ОЛИМПИИ НАВРАСОН. Пойтахти Сенегал – шаҳри Дакар бозиҳоро мизбонӣ мекунад
ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОНИИ ҶУДО-2026. Боку мизбони мусобиқаи муҳими давраи нави олимпӣ мешавад
CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад