Президенти Бонки Осиёии рушд Масатсугу Асакава бо фаъолияти Неругоҳи барқи обии «Сарбанд» шинос гардид
ДУШАНБЕ, 14.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти Бонки Осиёии рушд Масатсугу Асакава дар вилояти Хатлон бо фаъолияти Неругоҳи барқи обии «Сарбанд» аз наздик шинос гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон.
Иттилоъ дода шуд, ки Неругоҳи барқи обии «Сарбанд» бо иқтидори лоиҳавии 240 МВт 5-умин иншооти калони амалкунадаи гидроэнергетикии мамлакат дар дарёи Вахш мебошад. Сохтмони Неругоҳи барқи обии «Сарбанд» дар заминаи неругоҳи «Шаршара» ҳанӯз соли 1956 оғоз гардида, аввалин гидроагрегати он соли 1962 ба кор дароварда шудааст. Бинобар истифодабарии тӯлонӣ қисми зиёди таҷҳизоти электромеханикӣ ва гидромеханикии неругоҳ ва дастгоҳҳои тақсимкунандаи кушодаи он фарсуда шуда буд. Дар неругоҳи мазкур давоми 60 сол, ба ғайр аз таҷдиди як гидроагрегат дигар ҳеҷ гуна корҳои таҷдиду навсозӣ анҷом дода нашуда буд ва иқтидори истеҳсолии он ҳамагӣ 160 МВт-ро ташкил медод.
Таъкид гардид, ки бо дарназардошти ин соли 2013 байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии рушд оид ба амалӣ намудани лоиҳаи «Таҷдиди Неругоҳи барқи обии «Сарбанд» Созишномаи грантӣ ба маблағи 136 миллион доллари амрикоӣ ба имзо расонида шуд. Мақсад аз татбиқи лоиҳаи мазкур баланд бардоштани иқтидори истеҳсолӣ, таъмини кори муназаму босамари неругоҳ ва мутобиқ намудан ба стандартҳои муосири техникӣ мебошад.
Дар асоси созишнома, лоиҳа аз ду марҳила иборат буда, марҳилаи якуми он пурра иваз намудани 5 агрегат, 2 автотрансформатор, бунёди бинои нави идоракунӣ ва дигар корҳои ба он алоқамандро дар бар мегирад.
Дар марҳилаи дуюми лоиҳа таҷдиди дастгоҳҳои тақсимкунандаи кушодаи 220/110 киловолта пешбинӣ гардидааст.
Дар раванди корҳои созандагӣ дар асоси дастуру супоришҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи лоиҳаи мазкур агрегатҳо, трансформаторҳо ва дигар таҷҳизоти навтарини барқӣ аз Олмон, Италия, Ҳиндустон, Чин ва Қазоқистон ворид карда шудаанд.
Президенти Бонки Осиёии рушд Масатсугу Асакава зимни шиносоӣ ба сифати корҳои анҷомёфта дар самти таҷдиду навсозии Неругоҳи барқи обии «Сарбанд» ва раванди татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар Тоҷикистон баҳои баланд дод.
Имрӯзҳо дар Неругоҳи барқи обии «Сарбанд» 162 корманд, аз ҷумла 25 нафар занону духтарон фаъолият доранд, ки ҳайати муҳандисиву техникӣ 75 нафарро ташкил медиҳад.
Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ бо мақсади амалӣ намудани нақшаву барномаҳои созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати расидан ба истиқлоли комили энергетикӣ истифодаи оқилонаву босамари захираҳои гидроэнергетикии мамлакат, сохтмон ва таҷдиду барқарорсозии неругоҳҳои хурду бузурги барқи обӣ оғоз гардида, хатҳои баландшиддати интиқоли неруи барқ ва зеристгоҳҳои барқӣ бунёд карда шудаанд.
Ҳамаи ин ташаббусҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири рушду пешрафти соҳаҳои иқтисоди миллии мамлакат ва ба таъмини зиндагии шоистаи халқи тоҷик ва шукуфоии аз ин ҳам бештари Тоҷикистони соҳибистиқлол равона гардидааст.
Баъди пурра азназаргузаронии фаолияти неругоҳ Масатсугу Асакава аз имкониятҳои назарраси Тоҷикистон дар истеҳсолу содироти энергияи тозаю барқароршаванда ва дар ин замина рушди «иқтисоди сабз» ёдовар шуда, бори дигар ҷонибдории Бонки Осиёии рушдро роҷеъ ба дастгирии саҳми Тоҷикистон дар рӯзномаи глобалии тағйирёбии иқлим тасдиқ намуд.
Ёдовар мешавем, ки 12 июни соли равон Президенти Бонки Осиёии рушд ҷаноби Масатсугу Асакаваро, ки ба муносибати 25-солагии ҳамкорӣ ба Тоҷикистон ташриф оварданд, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳузур пазируфтанд. Дар мулоқот масоили ҳамкории кунунӣ ва дурнамои робитаҳои Тоҷикистон бо Бонки Осиёии рушд мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳи ҳамкории Тоҷикистону Бонки Осиёии рушд давоми 25 соли шарикӣ, аз ҷумла аз ҷониби ин ниҳоди молиявӣ ба маблағи зиёда аз 2,5 миллиард доллари амрикоӣ маблағгузорӣ шудани 180 лоиҳа дар соҳаҳои мухталифи кишвари мо изҳори қаноатмандӣ намуданд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон








Истеҳсоли барқ дар Тоҷикистон ба ҳаҷми оби дарёҳо, шароити ҳаво ва дигар омилҳои табиӣ вобаста аст. Шарҳи коршинос дар ин маврид
ЯХОБМОНӢ-ЗАХИРАИ НАМӢ БАРОИ СОЛИ ОЯНДА. Ин тадбири муҳим дар Тоҷикистон аз охири моҳи ноябр то моҳи феврал гузаронида мешавад
НОРАСОИИ НЕРУИ БАРҚ-МУШКИЛИИ МИҚЁСИ ҶАҲОНӢ. Сабаби асосии он тағйироти иқлим ба ҳисоб меравад
Ҳунарманди муҳрабоф Заррина Сайфиддинова бо маблағи гранти президентӣ маркази омӯзишӣ таъсис медиҳад
Бо масъулони соҳаи молия ва андоз дар шаҳри Бохтар ҷаласа баргузор шуд
Панелҳои офтобӣ дар таъмини энергияи «сабз» чӣ аҳамият доранд?
Дар Тоҷикистон «Барномаи миллии бехатарии авиатсияи гражданӣ барои солҳои 2025-2030» татбиқ мегардад
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси дуюми ҷаҳонӣ оид ба истифодаи маълумот барои таҳкими чораҳои зиддикоррупсионӣ иштирок намуд
Дар Вазорати молияи Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти молия ҳамоиши идона доир шуд
Барои татбиқи лоиҳаи «Кам намудани талафоти неру» созишномаҳои қарзӣ ва грантӣ ба имзо расиданд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1200 то 0.1180 сомонӣ муқаррар шудааст
Доир ба Форуми дуюми байналмилалии соҳаи саноати маъданҳои кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон брифинг баргузор шуд






