Роҳи байнидеҳавӣ дар деҳаи Чиртаки шаҳри Турсунзода мумфарш карда мешавад
ДУШАНБЕ, 26.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. 1,5 километр роҳи байнидеҳавӣ дар деҳаи Чиртаки Ҷамоати деҳоти Навободи шаҳри Турсунзода мумфарш карда мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода хабар доданд.
Иқдоми мазкур дар доираи нақшаи корҳои ободониву бунёдкорӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода ва саҳми соҳибкорону дастҷамъии сокинони деҳаи Чиртак амалӣ карда мешавад.
Тавре қаблан хабар додем, ибтидои моҳи июн дар деҳаи Нақшбандони Ҷамоати деҳоти «10-солагии Истиқлолият»-и шаҳри Турсунзода ба мумфаршкунии 1 км роҳи байнидеҳавӣ оғоз намуданд. Дар дигар деҳот низ ин корҳо идома дошта, тибқи нақша, то таҷлили Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳҳои байнидеҳавии ҳудуди деҳоти шаҳр пурра таъмиру навсозӣ карда мешаванд.
Дар идомаи ҳамин созандагию бунёдкориҳо, дар Ҷамоати деҳоти «Сешанбе» бо иқдоми Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода, роҳбарияти ҷамоати деҳот, сокинони саховатпеша ва соҳибкорони бонангу номуси маҳаллӣ ҷиҳати сазовор истиқбол гирифтани ин ҷашни фархундаи миллӣ боз ба навсозии 1 км роҳи байни деҳа оғоз карда шуд.
Соли 2023 дар ҳудуди ҷамоату деҳоти шаҳри Турсунзода бо иқдоми мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, сокинони ватандӯсту соҳибкорони саховатпеша корҳои тармиму навсозии роҳҳои маҳаллӣ вусъат меёбад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода








«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». Дар Тоҷикистон Анҷумани сеюми забоншиносон баргузор мегардад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ 10 муассисаи томактабӣ бунёд мегардад
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд корхонаи истеҳсоли нушокиҳои «Суғд саноат холдинг»-ро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд Маҷмааи варзишии «Суғд-арена»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бинои истиқоматӣ барои кормандони соҳаи иҷтимоиро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Маркази фарҳанг ва рушди технологияҳои инноватсиониро дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бинои маъмурии Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғдро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ Маркази савдо ва хизматрасонии “Раҳимӣ” дар деҳоти Хистеварз ва корхонаи парандапарварӣ дар деҳоти Исфисорро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба раванди истеҳсолот дар корхонаи қуттиҳои картонӣ оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон бинои Театри давлатии драммавии русии ба номи Александр Пушкинро баъд аз навсозӣ ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд ташриф оварданд
Соли 2026 дар Тоҷикистон чор пойгоҳи бостоншиносӣ ба фаъолият оғоз менамояд






