Соли 2022 «Норд Азия метал»-и ноҳияи Спитамен 300 тонна маҳсулот содирот намуд

Июнь 20, 2023 13:58

ДУШАНБЕ, 20.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар калонтарин корхонаи истеҳсоли метал дар Тоҷикистон — «Норд Азия метал»-и ноҳияи Спитамен дар панҷ моҳи соли равон 12 ҳазор тонна маҳсулот ба маблағи 108 миллиону 500 ҳазор сомонӣ истеҳсол карда шудаааст. Бинобар афзудани талабот ба маҳсулоти профилу қубурҳои гуногунҳаҷм дар шаҳри Душанбе, вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд нуқтаҳои фурӯши маҳсулоти ин корхона ташкил гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.

Иттилоъ дода шуд, ки дар корхона соли гузашта 35 ҳазор тонна профилу қубурҳои гуногунҳаҷм ба маблағи 270 миллион сомонӣ истеҳсол шудааст. Маҳсулоти истеҳсолшаванда воридотивазкунанда буда, дар соли гузашта илова бар таъмини бозори дохилӣ 300 тонна маҳсулот содирот карда шуд.

Дар корхона мунтазам барои зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот таҷҳизоти муосир аз давлатҳои пешрафта дастрас мегардад.

Ёдовар мешавем, ки корхонаи мазкур соли 2016 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шуда, иқтидори истеҳсолии он 60 ҳазор тонна дар як сол мебошад.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Июнь 20, 2023 13:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Маросими маҷозии ифтитоҳи як қатор иншоот ва оғози татбиқи лоиҳаҳо дар ҳудуди Тоҷикистон ва Узбекистон
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд