Соли нави таҳсил дар ноҳияи Дарвоз Мактаби президентӣ ба фаъолият оғоз менамояд
ХОРУҒ, 19.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. 1 сентябри соли равон дар ноҳияи Дарвоз бинои нави Мактаби президентӣ дарҳои худро ба рӯи хонандадагон боз менамояд, хабар медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар».
Барои хонандагони болаёқат ва пешсафи муассисаҳои таълимии ноҳияи Дарвоз баҳри боз ҳам такмил додани дониш, рушди истеъдоду маҳорат боз як имконияти хуб фароҳам оварда шуд. Ин гурӯҳи хонандагон аз имрӯз метавонанд, ки ҳуҷҷатҳои худро ба Муассисаи давлатии Мактаби президентӣ маркази ноҳияи Дарвоз, ки моҳи сентябри соли равон ба истифода дода мешавад, супурда, таҳсили худро дар як бинои муосир ва муҷҷаҳаз бо тамоми асбобу анҷом ва технологияи навтарини таълимӣ идома диҳанд.
Мудири шуъбаи маорифи ноҳия Фозил Бурҳонзода гуфт, ки дар ҳамин мавзеъ қаблан муассисаи таълимии рақами якуми ноҳия ҷойгир буд, ки дар аввали солҳои панҷоҳуми асри гузашта бунёд ёфта, бо мурури замон бар асари барфу боронгариҳо комилан хароб гашт буд.
Бинои муосири таълимӣ дар партави дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби соҳибкорони маҳалӣ сохта шуда, дар самти бештар гардидани сатҳу сифати таълим ва донишандӯзии хонандагон мусоидат хоҳад кард.
Бинои Мактаби президентӣ дар масоҳати 2 ҳазору 160 метри мураббаъ бунёд гардида, аз се ошёна, 28 синфхона, кабинетҳои фаннӣ бо тамоми таҷҳизоти зарурӣ, иборат аст ва барои 840 хонанда дар як баст пешбинӣ шудааст.
Мутобиқи лоиҳа бинои мазкур дорои хобгоҳ барои 240 кат, ошхонаи замонавӣ бо 290 ҷои нишаст, толори ва майдончаи варзишӣ мебошад.
Тарҳи бино мутобиқ ба меъёрҳои шарқию аврупоӣ ва ҳамнаво бо манзараҳои атроф сохта шуда, ба воситаҳои деворҳои калони шишагин кўдакону наврасон манзараҳои зебо ва афзунсози диёрашонро мушоҳида намуда, худро аз табиат як лаҳза ҷудо эҳсос намекунанд.








Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Рӯзи Модар бошукуҳ таҷлил гардид
Модар сарчашмаи меҳру муҳаббат ва неруи бузурги маънавии ҷомеа мебошад
МОДАР — ЧАРОҒИ РОҲНАМОИ ФАРЗАНД. Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Рӯзи Модар бошукуҳ таҷлил гардид
Дастовардҳои соҳаи мошинсозӣ ва технологияҳои истеҳсолӣ дар конференсияи байналмилалӣ баррасӣ гардиданд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиш доир шуд
Дар Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Рӯзи Модарро таҷлил намуданд
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Рӯзи Модар бошукуҳ таҷлил карда шуд
Ҷомеае, ки занони босавод, фаъол ва худшинос дорад, метавонад ба сӯи ояндаи равшан ва ободу осуда қадам гузорад
Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ҳамкориро бо Донишгоҳи Вестминстер густариш медиҳад
Маркази миллии тестӣ барои дастгирӣ ва осонии кори довталабон дар ИМД-и соли 2026 чӣ тадбир андешидааст?
Давраи якум (асосӣ)-и бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид
То соли 2030 дар Тоҷикистон 800 муассисаи нави томактабӣ бунёд карда мешавад






