Созмони ҷаҳонии тандурустӣ нақшаи нави вокуниш ба ҳолатҳои фавқулода дар соҳаи тандурустиро таҳия намуд

Июнь 13, 2023 19:00

ДУШАНБЕ, 13.06.2023 /АМИТ «Ховар»/. Идораи минтақавии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар Аврупо рӯзи душанбе оғоз гардидани нақшаи гузариш ба марҳилаи нави муносибат ба COVID-19 ва ҳолатҳои фавқулода дар соҳаи тандурустиро эълон намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС иттилоъ медиҳад.

Нақшаи мазкур сармоягузорӣ ва таваҷҷуҳи афзояндаи давлатҳоро ба назорати муштарак, нигоҳдорӣ ва афзоиши иқтидори лабораторӣ барои ҷамъоварӣ ва таҳлили маълумот дар бораи COVID-19, инчунин пешниҳоди нақшаҳои мушаххас, шуруъ аз вокуниш ба пандемияи COVID-19 ва зуком то ба банақшагирии ҳамаҷонибаи вокуниш ба пандемияи вируси роҳи нафасро дар бар мегирад.

Гузариш ба марҳилаи нав бояд заминаи барномаи панҷсолаи минтақавии амал оид ба таҳкими омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода дар соҳаи тандурустӣ, вокуниш ба онҳо ва устуворӣ дар минтақаи Аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ барои солҳои 2024 — 2029 бошад.

Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Июнь 13, 2023 19:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст