Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ ва чорабиниҳои тиҷоратӣ густариш медиҳанд

Июнь 12, 2023 09:54

ДУШАНБЕ, 12.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, 8 июн дар шаҳри Душанбе дар доираи сафари давлатии Амири Давлати Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон байни ҳукуматҳои ду давлат Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ва чорабиниҳои тиҷоратӣ ба имзо расонида шуд.

Дар Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки ҳадафи баимзорасонии санад ба роҳ мондан ва густариш додани ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ва чорабиниҳои тиҷоратӣ, инчунин ба ин васила тақвият додани маҷмӯи бештари муносибатҳои ҳамкории ду мамлакат, аз ҷумла дар самти иқтисодию тиҷоратӣ ва фарҳангиву башарӣ мебошад.

Бояд тазаккур дод, ки дар доираи ин санад тарафҳо ҳамкориро дар асоси принсипҳои баробарӣ ва манфиати мутақобилаи судманд дар заминаи қонунгузории миллии давлатҳои худ амалӣ менамоянд ва татбиқи он барои манфиат ва беҳбудии мардуми ҳар ду давлат ва рушди равобит байни ширкатҳои сайёҳии ҳар ду ҷониб ба мақсад мувофиқ мебошад.

Амалишавии ин санад барои мубодилаи сайёҳон байни ширкатҳои сайёҳии ҳар ду ҷониб, ҷалби сайёҳони Давлати Қатар ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар маҷмуъ барои рушди соҳаи сайёҳии мамлакат мусбӣ арзёбӣ мегардад.

Васеъ ба роҳ мондани ҳамкории судманду ояндадор дар бахши сайёҳӣ ба афзоиши теъдоди сайёҳон, ҳаҷми тиҷорати мутақобила, сармоягузорӣ барои рушди инфрасохтори сайёҳӣ ва ба сатҳи сифатан нав баровардани ҳамкории тарафайн заминаи мусоид фароҳам хоҳад овард.

Соҳаи сайёҳӣ яке аз самтҳои ҷолиб барои ҳамкории минбаъда байни Тоҷикистон ва Қатар ба шумор рафта, санади мазкур барои рушди ҳамкорӣ такони ҷиддӣ хоҳад бахшид.

Ёдовар мешавем, ки дар маҷмуъ, аз рӯйи натиҷаҳои мулоқоту музокироти сатҳи олӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Қатар дар ҳузури Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ 15 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»

Июнь 12, 2023 09:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид
ТУХМИПАРВАРӢ. Барои рушди ин соҳа чӣ бояд кард?
Дар шаҳри Ҳисор кишти пунбадона оғоз ёфт
Дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои энергетикиро баррасӣ намуданд
Намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандии занони Хатлон дар Душанбе то 15 апрел идома меёбад
Беҳтарнамоии сифат ва бехатарии ғизо бо коршиносони Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ баррасӣ гардид
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини нoҳияи Вахш дар замини наздиҳавлигияш гармхона ташкил намуд