Тоҷикистон ва Қатар дар соҳаи моҳипарварӣ, ташкил намудани гармхонаҳо, бунёди анбор ва сардхонаҳо ҳамкорӣ менамоянд

Июнь 9, 2023 16:44

ДУШАНБЕ, 09.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи сафари давлатии Амири Давлати Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад Олӣ Сонӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Душанбе Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Қатар оид ба кишоварзӣ ва амнияти озуқаворӣ ба имзо расид. Дар ин хусус ба  АМИТ «Ховар» дар Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд.

Санади мазкур ҳамкории ду давлатро дар соҳаи кишоварзӣ ва амнияти озуқаворӣ дар самти мубодилаи малакаи касбии олимону  мутахассисон,  оид ба истифодаи технологияҳои муосир дар соҳаи кишоварзӣ, ҳамкории техникӣ ва илмӣ дар соҳаи моҳипарварӣ ва фаъолиятҳои вобаста ба ин самт, ҳамкорӣ ҷиҳати ташкил намудани гармхонаҳо, бунёди  анбор ва сардхонаҳо барои нигоҳдории маҳсулоти кишоварзӣ   густариш медиҳад.

Бояд тазаккур дод, ки дар доираи сафари давлатии Амири Давлати Қатар ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷмӯъ 15 санади нави ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуногун ба имзо расонида шуд, ки онҳо дар тақвияти ҳамкории Тоҷикистону Қатар нақши муассир хоҳанд гузошт.

АКС:  Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»

Июнь 9, 2023 16:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар вилояти Суғд зеристгоҳи барқии «Ёва» бо иқтидори 110/35/10 кВ ба истифода дода мешавад
820 иншооти гуногун ба маблағи беш аз 1 миллиард сомонӣ дар шаҳри Ваҳдат ба истифода дода шуд
Дар Конибодом ҷамъоварии пахта ва кишти такрорӣ идома дорад
Дар сардхонаҳо ва анборхонаҳои Тоҷикистон 12 ҳазор тонна ғалладонагиҳо захира гардидаанд
Дар вилояти Суғд беш аз 33 фоизи нақшаи ҷамъоварии пахта иҷро гардидааст
Дар Тоҷикистон имсол ангишт бештар истихроҷ гардидааст
Дар Тоҷикистон истеҳсоли гӯшти паранда беш аз 7 фоиз зиёд шудааст
Дар вилояти Хатлон ҷамъоварии пахта 40,76 фоизи нақшаи солонаро ташкил медиҳад
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ зеристгоҳи нави 110 кВ-и «Чубек» ба истифода дода шуд
Дар Туркманистон ҷаласаи 95-уми Комиссияи байнидавлатии ҳамоҳангсозии хоҷагии обии Осиёи Марказӣ доир шуд
«Саноатсодиротбонк» ба натиҷаҳои назарраси молиявӣ ноил гардид
Бунёди зеристгоҳи нави барқии 220 кВ дар шаҳри Душанбе ва таҷдиду навсозии НБО «Варзоб-2» баррасӣ гардид