Тоҷикистон ва Русия раванди музокирот доир ба сабти ҳуқуқии амволи ғайриманқули дипломатии ду давлатро ба анҷом расониданд
ДУШАНБЕ, 20.06.2023 /АМИТ «Ховар»/. 19 июн дар шаҳри Москва мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Сергей Лавров доир шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар ҷараёни мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Русия масъалаҳои мубрами муносибатҳои шарикии стратегӣ ва иттифоқии ду давлат мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар мулоқот ба рафти иҷрои тавофуқоти сарони давлатҳо оид ба густариши муносиботи тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, инчунин баланд бардоштани самаранокии ҳамкорӣ дар самти муҳоҷират таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардид.
Вазирон аз анҷоми раванди музокироти тӯлонӣ доир ба сабти ҳуқуқии амволи ғайриманқули дипломатии ду мамлакат, ки ба фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти сафоратҳо ва консулгариҳои генералии Тоҷикистону Русия хидмат хоҳад кард, изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Дар анҷом Протоколи иловагии №1 ба Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия оид ба шароити ҷойгиршавӣ ва хизматрасонии намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия ва Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи таъмини амнияти иттилоотии байналмилалӣ ва Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи таҳқиқ ва истифодаи фазои кайҳонӣ бо мақсадҳои осоишта ба имзо расонида шуд.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Душанбе бо иштироки намояндагони 27 давлат маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор шуд
Сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея бо мудири иҷроияи AFoCO мулоқот намуд
Дар Боку тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон ва Озарбойҷон дар соҳаи воситаҳои ахбори омма баррасӣ гардид
Дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Русия Рӯзи Модар таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон дар Амрико бо Директори иҷроияи ширкати Mooney Group мулоқот кард
Дар Қоҳира масъалаи таҳкими ҳамкории Тоҷикистону Миср баррасӣ шуд
Имконияти ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва ширкати NVIDIA дар соҳаи зеҳни сунъӣ баррасӣ гардид
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба роҳбарият ва мардуми Эрон изҳори тасаллият ва ҳамдардӣ намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Беларус дар соҳаи фарҳанг ва санъат густариш меёбад
Сафири Тоҷикистон бо муовини вазири корҳои хориҷии Давлати Кувайт мулоқот намуд
Дар Душанбе масъалаи рушди муносибатҳои Тоҷикистону Фаронса баррасӣ шуд
«Сомон Эйр» барои баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон аз кишварҳои Ховари Миёна парвозҳои чартерӣ анҷом медиҳад






