Устодон ва кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон соҳиби хонаҳои истиқоматӣ гардиданд
ДУШАНБЕ, 17.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар пайравӣ ва дастгирии сиёсати маорифпарварваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз бо ибтикори Ректори Донишгоҳи миллии Точикистон, профессор Қобилҷон Хушвахтзода ба ифтихори ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ 39 оила, аз ҷумлаи устодон ва кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон соҳиби хонаҳои истиқоматии наву замонавӣ гардиданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хабар доданд.
Калиди хонаҳои истиқоматиро муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён ба соҳибонашон супорид.
Дар маросими тақдими хонаҳои истиқоматӣ таъкид гардид, ки ин дастовези идона бори дигар аз фазои сулҳу ваҳдату бунёдкориҳо дар Тоҷикистон дарак дода, масъулияту садоқати омӯзгоронро дар таълиму тарбияи ҷавонон бештар менамояд.



Ҳамзамон ба се корманди донишгоҳ, ки фарзандони маъюб доранд, аз ҷониби раёсати донишгоҳ ғамхории махсус зоҳир карда шуд. Манзилҳои истиқоматии онҳо бо баъзе таҷҳизоти муҳими рӯзгор таъмин гардид, ки ин амал низ дар доираи ғамхориҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба қишри ниёзманди ҷомеа анҷом дода шуд.
Дар хотима ба фарзандону кӯдакони 25 оилаи устодон дар арафаи Рӯзи Ваҳдати миллӣ туҳфаҳои идона супорида шуд.
Ёдовар мешавем, ки ки соли гузашта дар ҳамин шабу рӯз ба 39 корманду омӯзгори донишгоҳ хонаҳои истиқоматӣ тақдим гардида буд. Дар давоми танҳо ду сол қариб 80 устоду корманди донишгоҳ соҳиби манзил шуд, ки дар таърихи донишгоҳ руйдоди камназир аст.
АКС: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон











Маорифчиёни ноҳияи Шоҳмансур Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар сатҳи баланд таҷлил намуданд
МАСЛИҲАТ БА ДОВТАЛАБ. Ҳангоми интихоби касб довталаб бояд бештар дониш ва истеъдодашро ба назар гирад
Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб конференсияи илмӣ-назариявӣ доир гардид
Барои пурсамар гузаронидани давраи таътил ба хонандагон мутолиаи кадом китобҳо тавсия дода мешавад?
НАВРӮЗ — ЭҲЁГАРИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд






